Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТолибон тасовири шоирони форсиро аз девори донишкадаи адабиёти Кобул бардоштаанд

Толибон тасовири шоирони форсиро аз девори донишкадаи адабиёти Кобул бардоштаанд

Шуморе аз донишҷуёни донишгоҳи Кобул ба “Афғонистон Интернешнл” гуфтаанд, ки Толибон тасовири шоирони форсиро аз рӯй деворҳои донишкадаи забон ва адабиёти дарӣ бардоштаанд. 

Манбае аз ин донишкада таъйид карда, ки ин иқдом ба дастури идораи амру маъруф ва наҳй аз мункири Толибон анҷом шудааст. 

Дар тасовире, ки манбаъ нашо кардааст, дида мешавад, ки суратҳои бисёре аз шоирон ва адибони забони форсӣ аз рӯйи деворҳо бардошта ва дар утоқе гузошта шудаанд. 

Толибон пеш аз ин тасовири шоирон ва мафохири забони форсиро аз девори фарҳехтагони шаҳри Мазорм Шариф бардошта буданд. 

Дар бисёре аз идороти давлатӣ ва донишгоҳҳо низ вожаҳои форсӣ ҳазф шудааст. Вазорати таҳсилоти олии Толибон мегӯяд ҳазфи вожаҳои форсӣ дар вуруди донишгоҳҳо тибқи қонуни худашон анҷом шудааст. 

Ин гурӯҳ то кунун дар мавриди бардоштани тасовири шоирон ва адибони форсӣ тавзеҳе надодаанд. 

Дар ҳоли ҳозир Толибон муттаҳам ба форсиситезӣ аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular