Вашингтон ва Абу Забӣ дар заминаи сармоягузорӣ барои пешбурди тарҳҳои зистмуҳитӣ ва фановариҳои энержии пок ва пойдор ёддошти тафоҳуми имзо кардаанд. Ҳадафи пружа афзоиши 100 гигаваттии энержии пок то соли 2035 дар ҷаҳон ва тарғиби дигар кишварҳост.
Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Иёлоти муттаҳида аз тавофуқи кишвараш ва Амороти муттаҳида барои сармоягузории 100 миллиарддолларӣ дар ҳавзаи энержии пок хабар дод. Рейтерз ба нақл аз Блинкен навишт: “ду давлат ёддошти тафоҳуме дар Абу Забӣ имзо карданд, ки гоми муҳимме ба пеш дар талошҳои муштарак барои суръатбахшии ҳаракат ба самти энержии пок аст.”
Бар асоси ин тавофуқ, Амороти муттаҳидаи арабӣ ба унвони як тавлидкунандаи бузурги нафти Опек ва Амрико ба унвони манбаъи кумакҳои фаннӣ, мудирияти таъмини буҷа ва иҷрои пружаҳои энержии пойдори тиҷорӣ дар соири кишварҳоро пеш хоҳанд бурд.
Ҳадафи ниҳоӣ, афзоиши 100 гигаваттии энержии пок дар саросари ҷаҳон то соли 2035 эълом шудааст.
Тафоҳумномаи ёдшударо мушовири амнияти энержии давлати Амрико ва вазири санъат ва фановариҳои пешрафтаи Аморот имзо кардаанд.
Эмс Хохштейн, намояндаи давлати Амрико дар фановарии энержии навин дар баёнияе гуфтааст: “мо ва Аморот, сармоягузорӣ дар технолоҷии энержии навин дар кишварҳои худ, дар саросари дунё ва дар иқтисодҳои навзуҳурро тарғиб хоҳем кард.”
Дар ин баёния омадааст: “ин мушорикат, буҷаи бахши хусусӣ ва давлатӣ ва ҳимоят аз навоварӣ дар энержии пок, мудирияти карбон ва метан, реакторҳои пешрафта аз ҷумла нерӯгоҳҳои кӯчаки санъатӣ ва ҳамлу нақлро ҷамъоварӣ ва пайгирӣ мекунад.”
Султон Ал-Ҷаббор, вазири санъат ва фановарии пешрафтаи Амороти муттаҳидаи арабӣ ва намояндаи вижаи ин кишвар дар тағйироти иқлимӣ низ дар баёнияе гуфт: “интиқоли энержӣ ба барномаҳои амалӣ, воқеъбинона ва аз назари иқтисодӣ фоидаовар ба сарфа ниёз дорад то ҳифозат аз иқлим дар паноҳи амнияти энержӣ ва рушди иқтисодии фарогир, пешрафт кунад.”
Қарор аст бахше аз сармоягузории муштараки ду кишвар, барои ташвиқи тарҳҳои рабтдошта ба маодини сабз ва тақвияти фарҳанги зистмуҳитии ширкатҳо ва ниҳодҳо ихтисос ёбад, ки дар занҷираи таъмини мавод ва колоҳо фаъолият мекунанд.
Сенои Амрико дар августи соли ҷорӣ як бастаи 430 миллиард доллариро барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ, кумакҳои доруӣ ва ислоҳи низоми молиётӣ тасвиб кард, ки 369 миллиард доллари он марбут ба энержиҳои пок буд.
Тағйироти иқлимӣ, гармоиши замин ва хушксолӣ дар солҳои ахир шитоби бештаре гирифта ва коршиносон бар ин боваранд, ки дар сурати саҳлангорӣ дар чораандешӣ, миллионҳо нафар ба вижа дар Ховари Миёна овора ва дар ба дар хоҳанд шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

