Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарқи содироту воридот ҳамоно беш аз 2,3 баробар боқӣ мемонад

Фарқи содироту воридот ҳамоно беш аз 2,3 баробар боқӣ мемонад

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, содироти мол аз кишвар дар қиёс бо воридоти коло аз хориҷа ба маротиб кам мебошад

Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.

Тибқи иттилои хабаргузории Авесто, аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3 миллиарду 700 миллион доллар ва содирот 1 миллиарду 600 миллион доллар рост меояд.

Савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон мисли ҳамеша пойбанди молҳои воридотист. Бар асоси омори ироашуда, дар 9 моҳ воридот аз содирот ҳудуди 2 миллиарду 100 миллион доллар зиёдтар будаст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular