Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз 57 кишвари хориҷи дуру наздик садақа ё кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.
Тибқи иттилои хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ин муддат аз кишварҳои донор ба маблағи 110 миллиону 374 ҳазору 700 доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст.
Дар маҷмӯъ дар се семоҳаи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 11,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ворид шудааст.
Дар ин давра ба Тоҷикистон орд, равғани растанӣ, доруворӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гшудааст.
Се донори аслии Тоҷикистон Чин – 32,5%, ИМА – 30,1% ва Ҳиндустон – 5,4% мебошанд.
Гуфтанист, кӯмакҳо барои тақсим шудан байни мардуми камбизоат ирсол мешаванд, аммо 90-95 дарсади он аз тарафи мақомот дуздида ва фурӯхта мешавад. Дар дуздии кӯмакҳои башардӯстона то болотарин сатҳ, аз ҷумла хонаводаи раисҷумҳур даст доранд.
Барои мисол, замони авҷи вируси коруно Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур ва раиси Маҷлиси Миливу шаҳрдори Душанбе кӯмакҳои ЧИнро ба маблағи миллионҳо доллар дуздида буд:
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

