Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетТемур Раҳимов хона тӯҳфа гирифт

Темур Раҳимов хона тӯҳфа гирифт

Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои аввал ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ тӯҳфа гирифтааст.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҳамчунин ба Муллораҷаб Халифаев, намояндаи дигари Тоҷикистон барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳар ду варзишгар узви  яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, Темур Раҳимов дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” ва Муллораҷаб Халифаев дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” (4-6 ноябр) варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг медали тилло ва Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг медали нуқра ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular