Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯтимову Тошиев дар Душанбе протоколи нав имзо карданд

Ятимову Тошиев дар Душанбе протоколи нав имзо карданд

Дирӯз 14 ноябр дар Душанбе нишасти навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор шуд. 

Ҳайатҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Сарвазир –  Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев раҳбарӣ мекарданд. 

Тибқи иттилоъи АМИТ “Ховар” дар “натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд”. Ҷузъиёти бештаре дар бораи матни протокол ва масоили баррасишуда дода намешавад. Танҳо гуфта шудааст “онибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”.

Қаблан

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон, ки то рӯзи 11-ми ноябр дар Самарқанд идома ёфт, гуфта буд “баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд”. 

Ҷабборов таъкид кард “ҷониби Қирғизистон мавқеи худро вобаста ба баҳси марзӣ бо роҳи муколамаи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ нигоҳ медорад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular