Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк сарбози захмишуда дар марз даргузашт

Як сарбози захмишуда дар марз даргузашт

Оқилҷон Одиназодаи 22-сола, яке аз сарбозони захмии тоҷик дар муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, даргузашт. Ӯро рӯзи 15-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, дафн кардаанд.

Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, Одиназода баҳори соли 2021 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, дар яке аз воҳидҳои низомии нерӯҳои марзбонӣ дар Исфара хидмат мекард.

Ӯ ҳангоми даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол дар сарҳад бо Қирғизистон сахт маҷруҳ шуда, чанд муддат дар бемористони Хуҷанд ва як моҳи охир дар бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ буд.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол дар натиҷаи низоъ дар сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо нафар кушта шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон, ки садҳо километр марзи номуайян доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular