Наҷотдиҳандагони идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Ақмолаи Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Русияро аз автобуси мусофирбари дар ҳавои сард дармонда берун оварданд.
Охири ҳафтаи гузашта ба далели бад шудани ҳавои «сарди шадид» наҷотдиҳандагон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хадамоти пулис 62 нафарро аз автобуси мусофирбар, аз ҷумла 8 кӯдак аз шоҳроҳи Екатеринбург-Алмата эвакуатсия карданд.
Дар ин бора Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола хабар дода навишт, ки
10 нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия, 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 42 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази мутобиқсозии иҷтимоии шаҳри Кӯкшетау ҷойгир карда шуда, фавтидагон ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

