10-уми январ Додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзноманигори маъруф ва сардабири нашрияи мустақили “Пайк” Аҳмади Иброҳимро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм пас аз қариб ним соли боздошти ӯ содир гардид, вале то ҳол ҷузъиёти парванда расман шарҳ дода нашудааст.
Наздикони Иброҳим ҳукмро ноодилона ва вазнин арзёбӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки айбномаҳо бар зидди ӯ сохта шудаанд ва қазияи рӯзноманигор ангезаи сиёсӣ дорад.
Аҳмади Иброҳим моҳи августи соли 2024 бо иттиҳоми “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” боздошт шуда буд. Худи ӯ дар номае, ки як рӯз пеш аз ҳукм ба дасти расонаҳо расид, ҳамаи иттиҳомҳоро рад намуда, боздошташро натиҷаи амали “як раис ва ду корманди мақомот” номидааст.
“Ман дар умрам на пора додаам ва на тамаъҷӯӣ кардаам. Ман 22 сол муқобили ифротгароӣ фаъолият бурдаам, чӣ гуна маро салафӣ мегӯянд? Парвандае, ки бар зидди ман сохта шудааст, як туҳмати ошкоро аст,” – навишта буд ӯ.
Боздошти Иброҳим ба фаъолияти танқидии ӯ дар нашрияи “Пайк” рабт дода мешавад. Пас аз боздошти ӯ нашрия аз фаъолият бозмонда, овозҳои озоди Вилояти Хатлон хомӯш гардиданд.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Гузоришгарони Бидуни Марз”, борҳо аз мақомот хостаанд, ки парвандаи рӯзноманигорро одилона баррасӣ кунанд. Жанна Кавелйе, намояндаи ин созмон, гуфта буд, ки қазияи Иброҳим “бар асоси иттиҳомҳои сохта пеш бурда мешавад”.
Қазияи Иброҳим барои бори дигар масъалаи озодии матбуот ва фишор ба рӯзноманигорони мустақилро дар Тоҷикистон ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард.
Манбаъ: Радиои Озодӣ
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.