Пожертвовать
4.2 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойҲуқуқи инсонБоздошти фаъолияти ғайриқонунии маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе

    Боздошти фаъолияти ғайриқонунии маркази бозиҳои компютерӣ дар Душанбе

    Дар пайи муроҷиати як сокини пойтахт оид ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби муштариёни маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳисор, кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино чораҳои зарурӣ андешиданд.

    Зимни санҷиш муайян гардид, ки соҳибмулки маркази мазкур Имомов Меҳроб, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе, фаъолияти худро бо нақзи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ мондааст. Ин шахс берун аз реҷаи корӣ марказро фаъол нигоҳ дошта, оромии шабонаи шаҳрвандонро халалдор месохтааст.

    Дар натиҷа, фаъолияти ин маркази компютерӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъ карда шуда, нисбати соҳибмулк чораҳои қонунӣ андешида шуданд.

    Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои монанд, фавран ба онҳо муроҷиат намоянд. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос мебошад.

    Бо мо бимонед барои ахбори бештар. TajNews — бо шумо ва барои шумо!


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!