Аз 1-уми феврали соли ҷорӣ, тамоми мусофироне, ки ба қаламрави Арабистони Саудӣ ворид мешаванд, бояд дорои гувоҳномаи тасдиқкунандаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) бошанд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, ин талабот ба шахсони аз ду сола боло, аз ҷумла зоирони Ҳаҷ ва Умра, дахл дошта, онҳо бояд ҳадди ақал 10 рӯз пеш аз сафар ваксинаи махсуси чоркомпонентии “Neisseria”-ро қабул кунанд.
Мақсади ҷорӣ кардани ин талабот ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад. Менингит як бемории ҷиддӣ аст, ки пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағзро осеб расонида, дар ҳолатҳои фавқулода метавонад ба фавти бемор оварда расонад. Ин беморӣ асосан тавассути бактерияҳо, вирусҳо ва паразитҳои гуногун паҳн мешавад ва метавонад аз як шахс ба шахси дигар гузарад.
Дар ҳар сол садҳо сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷи фарзӣ ва Умра ба ин кишвар мераванд. Ҳаҷҷи фарзӣ дар арафаи иди Қурбон баргузор гардида, он беш аз як моҳ давом мекунад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои Ҳаҷи фарзӣ ҷудо карда буд. Аммо, се нафар аз зоирон бинобар гармии шадиди ҳаво ҷони худро аз даст доданд.
Ҷорӣ кардани талаботи ҳатмии эмгузаронӣ кафолати саломатии мусофирон ва таъмини амнияти онҳоро дар ин сафарҳои муҳим таъмин мекунад.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.