Пожертвовать
8.3 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойҶомеаФаври! Ҷустуҷӯи фаврии шоҳидон барои ошкорсозии ду ҷинояти одамкуши дар Ваҳдат

    Фаври! Ҷустуҷӯи фаврии шоҳидон барои ошкорсозии ду ҷинояти одамкуши дар Ваҳдат

    Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат менамояд, то дар ошкор намудани ду ҷинояти вазнини содиршуда дар шаҳри Ваҳдат мусоидат намоянд.

    Ҷинояти аввал:

    Шаби 6-ум ба 7-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат куштори шаҳрванд Ҳаётов Маҳмадалӣ Ғафорович, соли таваллудаш 25.02.1974, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Бонғура, хонаи №29 ба қайд гирифта шудааст.

    Ҷинояти дуюм:

    Рӯзи 5-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат куштори шаҳрванд Олимов Тоҷиддин Мухидинович, соли таваллудаш 27.12.1948, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати А. Абдулвосиев, деҳаи Баҳористон, хонаи №205 содир гардидааст.

    Муроҷиати мақомоти милитсия

    Барои маълумоти боэътимод ва дақиқ, ки ба муайян намудани ҳолатҳо ва боздошти гумонбаршудагон мусоидат мекунад, мукофотпулӣ ба маблағи 200 000 сомонӣ пешниҳод карда мешавад.

    Таъмини махфият ва амнияти иттилоъдиҳанда

    Шахсоне, ки маълумоти муфид пешниҳод менамоянд, бо кафолати махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини пурраи амнияти онҳо таъмин мегарданд.

    Барои тамос:

    📞 Телефон: (WhatsApp) [+992 918-63-33-50]

    📧 Почтаи электронӣ: [mvduur.tj@gmail.com]

    Ҳамаи шаҳрвандон барои ҳамкорӣ ва расонидани ёрии фаврӣ даъват карда мешаванд. Инсонгарӣ ва ҳисси ватандӯстии ҳар як нафар дар чунин вазъиятҳо нақши ҳалкунанда дорад. Ба ҳар яки шумо пешакӣ изҳори сипос менамоем!


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    2 КОММЕНТАРИИ

    Шарҳи худро илова кунед!