Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Исмоилзода Зуфар ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардиданд.
Маълумоти шахсӣ
Исмоилзода Зуфар Муртазохон 1 январи соли 1964 дар ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда, соҳиби таҳсилоти олӣ мебошад. Соли 1986 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Номбурда соли 2009 унвони номзади илмҳои сиёсиро соҳиб гардида, ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, форсӣ ва англисӣ тасаллут дорад. Аъзои ҲХДТ аз соли 05.02.1995 буда, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд ва 7 набера мебошад.
Фаъолияти меҳнатӣ
Исмоилзода Зуфар роҳи пурфайзи меҳнатиро аз донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1981-1986) оғоз намуда, дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст:
– Солҳои 1986-1988: Хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ дар ҶДА
– Солҳои 1988-1991: Дар вазифаҳои гуногуни Кумитаи комсомолии ноҳияи Ғончӣ
– Солҳои 1991-1996: Раиси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон
– Солҳои 1996-2007: Дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
– Солҳои 2007-2011: Раиси шаҳри Истиқлол
– Солҳои 2011-2015: Раиси ноҳияи Деваштич
– Солҳои 2015-2020: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ
– Солҳои 2020-2023: Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
– Аз 26 июни 2023 то 4 январи 2025: Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Зафаробод
## Мукофотҳои давлатӣ
Барои хизматҳои шоиста бо мукофотҳои зерин сарфароз гардонида шудааст:
– Ордени Шараф дараҷаи I
– Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Ордени «Ситораи сурх»
– Медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ»
– «Барои фидокорӣ» (ҶДА)
– Медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
– Медали «Ба иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ»
– Граматаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС
– Медали «Ба ҷанговари интернатсионалист»
– Ордени «Барои хизмати шоён»-и ИДМ
– Ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Фонди умумироссиягӣ
– Медали «Шараф дараҷаи II»-и Федератсияи Россия
– Унвони «Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи ҶТ»
– Аълочии ифтихории маорифи ҶТ
– Номзад ба устоди варзиши ИҶШС
Суроғаи ҷойи истиқомат: ноҳияи Ғончӣ, кӯчаи Р.Ашӯров 20.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.