Пожертвовать
2.9 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойХабарҳоНақши ҶҲАТ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: Таҳлили соли 2024 ва дурнамои...

    Нақши ҶҲАТ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: Таҳлили соли 2024 ва дурнамои 2025

    Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар соли 2024 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин созмони башардӯстона, ки имсол 97-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн гирифт, ба яке аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

    Дастовардҳои асосӣ

    Тибқи иттилои Дилноз Ҷабборзода, Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд, соли 2024 барои созмон бо муваффақиятҳои назаррас дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии ниёзманд ҷамъбаст гардид. Фаъолияти ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, боз ҳам густариш ёфт.

    Мавқеи занон дар ҶҲАТ

    Яке аз дастовардҳои муҳими созмон дар соли 2024 афзоиши назарраси шумораи занон дар мавқеъҳои роҳбарикунанда мебошад. Имрӯз занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз ҷумла дар сатҳи филиалҳо, шӯъбаҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолият менамоянд.

    Фаъолияти башардӯстона

    Дар тӯли сол, ҶҲАТ дар вазъиятҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ кӯмакҳои фаврӣ расонида, дар баробари ин барномаҳои иҷтимоӣ ва тандурустиро барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ амалӣ намуд.

    Дурнамо барои соли 2025

    Роҳбарияти ҶҲАТ барои соли 2025 нақшаҳои васеъро дар самти:

    • Тақвияти имкониятҳои кӯмакрасонӣ дар ҳолатҳои фавқулодда
    • Густариши барномаҳои иҷтимоӣ
    • Рушди шабакаи волонтёрӣ
    • Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст

    Паёми Пешвои миллат

    Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ҶҲАТ нақши муҳимро дар тарғиби ҳуқуқҳои башардӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебозад. Ин боварӣ масъулияти созмонро дар назди ҷомеа боз ҳам афзун менамояд.
    Матни пурраи табрикоти Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ба муносибати соли нави 2025 дар поён оварда шудааст


    ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025

    Ҳамватанони азиз!
    ✳️Бо камоли эҳтиром ва самимият, ба ҳайси Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, якояки Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2025 ва бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар, бахшида ба 97-солагии таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки мо чанд рӯз қабл онро таҷлил намудем, табрику таҳният мегӯям. Мо ҳамагон соли 2024-ро бо рӯҳияи хуш аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 28 декабр ироа гардид, ҷамъбаст ва аз соли нави 2025 бо нияту нақшаҳои нек ва ҳадафҳои созанда истиқбол мегирем.

    ⭕️Барои мо кормандони ҶҲАТ, як падидаи хушу хотирмони дигар дар соли 2024, ин 97-солагии фаъолияти Ҷамъият мебошад. Ин ҷашнвора на танҳо як марҳилаи муҳими таърихии Ҷамъият, балки нишонаи садоқат, фидокорӣ ва меҳру муҳаббати ҳамаи собиқадорон, кормандон, волонтёрону аъзоёни он, инчунин бовариву ҳамбастагии мардуми тоҷик мебошад.

    ➡️Дар тӯли ин солҳо, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо фаъолияти самаранок, кӯмаки башардӯстонаи худро дар давраҳои мухталифу ҳассос, аснои рух додани ҳолатҳои гуногуни фавқулоддаи табиӣ ва ғайра, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ, дастгирии як қатор шарикони рушд, аз ҷумла Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра тавонист ба шахсони алоҳида ва қишри ниёзманди ҷомеа расонад.

    🔶️Ҷамъият на танҳо дар ҳангоми офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, балки дар вазъиятҳои мухталиф низ ҳамеша дар паҳлӯи мардум мебошад, ҳаст ва боварии комил дорем, ки хоҳад монд.

    🇹🇯Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз табрикотҳои худ ба муносибати солгарди таъсисёбии ҶҲАТ, чунин таъкид намудаанд: “Умедворам, ки Шумо дар оянда ҳам дар тарғиби ҳуқуқҳои байналмилалии башардӯстӣ ва ҳифзи тандурустию иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ кӯшишатонро дареғ намедоред ва дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзанда мегузоред”. Ин суханони пурмазмун нишондиҳандаи аҳамияти бузурги фаъолиятҳои башардӯстонаи Ҷамъият мебошад ва дар назди ҳар як корманду волонтёр ва аъзоён вазифаву масъулияти бузургро мегузорад. Ин на танҳо боварии роҳбарияти олии кишвар, балки боварии кулли мардуми тоҷик мебошад.

    ✨️Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар вазъиятҳои фавқулодда осеби бештарро занону кӯдакон мебинанд. Дар ин росто тӯли ин солҳои фаъолият барои беҳтар намудани шароити зисти занҳо ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа низ талошу кӯшиши зиёд равона карда шудааст.

    🧩Дар баробари ин тӯли қариб як асри фаъолият, дар қатори дигар самтҳо, махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон низ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус равона шуда истодааст. Мисоли барҷастаи инро мо имрӯзҳо дар зиёд будани шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи Ҷамъият ва Филиалҳои он, кормандони масъул, мудирони шӯъбаҳо, кормандони барномавӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва волонтёрону аъзоён метавонем мушоҳида кунем, ки ҳамаи ин низ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

    📈Соли 2024 низ ҶҲАТ ва Филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолиятҳои мухталифи башардӯстонаро ба роҳ монданд, ки дар натиҷа ба садҳо нафар сокинон аз қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои гуногун расонида шуд. Мо бо хушнудӣ аз натиҷаҳои дар ин соли 2024 ноил шудаамон ва ҳадафу нақшаҳои беҳтар аз соли 2025 истиқбол мегирем. Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои назаррас ва чунин фаъолиятҳои ҶҲАТ, аз имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати кишвар инчунин мардуми сарбаланди тоҷик сарчашма мегирад.

    ❇️Бори дигар якояки Шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2025 самимона таҳният мегӯям. Бо таманнои он, ки минбаъд низ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ҳамин рӯҳияи устувор ва садоқат ба манфиатҳои башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард, бо истифода аз фурсати муносиб кулли собиқадорон, кормандон, волонтёрону аъзоён, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми сарбаланди кишвар, ки нисбати фаъолиятҳои башардӯстӣ бетараф нестанд, таҳният мегӯям ва ба ҳар яки Шумо тансиҳативу хонаободӣ, осоиши рӯзгор ва саодати зиндагиро таманно дорам.

    🎉Соли нави мелодӣ мубораку фархунда бошад, ҳамдиёрони азиз!

    Бо эҳтиром,
    ДИЛНОЗ ҶАББОРЗОДА- Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!