Дар шаби 13-уми январи соли ҷорӣ, Шарифзода Анушервон, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, бо айби содир кардани садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги корманди милитсия гардид, боздошт шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, Шарифзода Анушервон бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки ба падараш Шарипов Асадулло тааллуқ дошт, гирифта, дар кӯчаҳои пойтахт идора кардааст. Номбурда талаботи қонунии кормандони бозрасии роҳро нодида гирифта, ҳаракатро идома додааст.
Дар кӯчаи С.Шерозӣ ҳангоми кӯшиши боздошт шудан аз ҷониби кормандони милитсия, ӯ майори милитсия Сайдализода Б.-ро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ қарор дошт, пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Мутаассифона, корманди милитсия дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин ҳангоми ба беморхона интиқол ёфтан ҷон бохтааст.
Мақомоти тафтишотӣ нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ) ва 127 (сабаби марг гардидани шахс бо беэҳтиётӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудаанд. Шарифзода Анушервон айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
TajNews бо пайгирии ҳодиса маълумоти навро ба хонандагон сари вақт пешниҳод хоҳад кард.
TajNews – Хабарҳои воқеӣ ва боэътимод!
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.