Пожертвовать
2.9 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойХабарҳоНаҷоти марди худкуш дар рӯзи аввали Соли нав

    Наҷоти марди худкуш дар рӯзи аввали Соли нав

    Дар нахустин рӯзи соли нави 2025 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) муваффақ шуданд ҷони як мардро, ки қасди худкушӣ дошт, наҷот диҳанд.

    Тибқи иттилои дастрасшуда ба идораи TajNews, ҳодиса рӯзи 1-уми январ, соати 15:21 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қайд гирифта шудааст. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи марде, ки мехост худро аз ошёнаи чоруми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 130/4 ба поён партояд, хабар додааст.

    Гурӯҳи наҷотдиҳандагон, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, муайян карданд, ки шахси 38-сола дар ҳолати мастӣ қарор дошта, қасди худкушӣ кардааст.

    Дар натиҷаи амалиёти наҷотдиҳӣ, ки бо иштироки равоншиносони касбӣ анҷом дода шуд, кормандони КҲФ тавонистанд бо ин мард суҳбати ҳирфаӣ анҷом дода, ӯро аз иҷрои ин амали номатлуб боздоранд.

    Тафтишоти пешакӣ нишон медиҳад, ки сабаби асосии ин иқдом мушкилоти оилавӣ будааст. Ҳоло мақомоти дахлдор ҳолати мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!