Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла WhatsApp ва Telegram, маводи тавсиявие паҳн мешавад, ки онро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Дар ин мавод гӯё дар бораи хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB маълумот дода мешавад.
Вазорати тандурустӣ расман изҳор доштааст, ки ин хабарҳо воқеият надоранд ва аз ҷониби саҳифаҳои сохта ё «фейк» нашр мешаванд. Дар изҳороти вазорат таъкид шудааст, ки ин мавод ҳеҷ иртиботе бо сохтори онҳо надорад.
Бо дарназардошти ин, Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дар мавриди хуруҷи сирояти COVID-Omicron XBB, ки гӯё дар кишвар сабт шудааст, бовар накунанд.
Мақомот бори дигар хотиррасон мекунанд, ки иттилооти расмӣ танҳо тавассути манбаъҳои эътимодбахши вазорат ва воситаҳои ахбори омма нашр мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва ба хабарҳои бардурӯғ дода нашаванд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.