Пожертвовать
5.7 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойСиёсатПарвандаи “табаддулот”: ба Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳамрохон Зарифӣ 30 сол ҳукм хоста...

    Парвандаи “табаддулот”: ба Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳамрохон Зарифӣ 30 сол ҳукм хоста шуд

    Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ барои Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии кишвар, ва дигар чеҳраҳои матраҳи парвандаи ба истилоҳ «табаддулот» аз 20 то 30 соли зиндон талаб кардааст.

    Ҷузъиёти ҳукмҳо

    Ду манбаи наздик ба парванда, ки нахостанд номашон ифшо шавад, тасдиқ карданд, ки додситон чунин ҳукмҳо талаб кардааст:

    Саидҷаъфар Усмонзода – 30 сол;

    Ҳамрохон Зарифӣ – 30 сол;

    Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон – 23 сол;

    Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 23 сол;

    Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 23 сол;

    Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – 20 сол.

    Ҳамчунин ба ду палковники бознишастаи КДАМ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, 26 солӣ ҳукми зиндон талаб шудааст.

    Айбҳо ва радди онҳо

    Ин чеҳраҳои сиёсӣ асосан бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзе бо моддаҳои дигар, аз ҷумла 247 (қаллобӣ) ва 189 (барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор мешаванд. Аммо қаблан аксари муттаҳамон ин айбҳоро рад карда, иддао доштанд, ки ин парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад.

    Мурофиаи паси дарҳои баста

    Мурофиаҳо аз рӯзи 14-уми ноябри соли 2024 дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки ҳукми ниҳоӣ кай эълон мешавад.

    Боздоштҳо чӣ гуна оғоз шуданд?

    Ҳодиса аз моҳи июни соли 2024, баъди боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, шуруъ шуд. Юсуф Раҳмон, додситони кул, он вақт гуфт, ки Усмонзода бо моддаи 306 (ғасби ҳокимият) муттаҳам мешавад. Баъдан чеҳраҳои дигари шинохта, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров, ва дигарон, боздошт шуданд.

    Мавқеи ҳукумат ва вокуниши ҷомеа

    Мақомот то ҳол расман изҳороте дар бораи ҷузъиёти парванда надодаанд. Назари худи муттаҳамон ва вакилони дифоъ дар расонаҳо дастрас нест. Ҳамзамон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ин парвандаро зери суол бурда, даъват ба таҳқиқоти шаффоф ва мунсифона кардаанд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!