Вторник, 3 ноября, 2026
Место для Реклама!
ДомойНовостиШоҳкори таърихӣ. Қаҳрамонии футболбозони навраси тоҷик дар ҷашнвораи Ҷоми ҷаҳон

Шоҳкори таърихӣ. Қаҳрамонии футболбозони навраси тоҷик дар ҷашнвораи Ҷоми ҷаҳон

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар Боку бо намоиши бозии дурахшон қаҳрамонии сатҳи D-и нахустин давраи Ҷоми ҷаҳонии ФИФА сиёни наврасони то 15 — соларо ба даст овард ва ин ифтихори таърихиро ба номи кишвар сабт кард.

Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки дастаи футболи наврасони то 15-солаи кишвар бо роҳбарии Нӯъмонҷон Юсупов унвони қаҳрамонии сатҳи D-и ин мусобиқаро ба даст овард.

Футболбозони навраси тоҷик дар роҳи расидан ба ин ифтихор аввал дар марҳилаи чорякнаҳоӣ Литваро бо натиҷаи 5:2 мағлуб карданд, сипас дар ниманиҳоӣ бо бартарии 3:0 аз Ҷумҳурии Доминикан гузаштанд ва дар охир дар бозии ҳассос дастаи Канадаро бо натиҷаи 4:2 шикаст доданд ва ба қуллаи қаҳрамонии сатҳи худ расиданд.

Ин мусобиқаи таърихӣ бори нахуст аз сӯйи ФИФА ва бо иштироки 189 даста баргузор шуд.




Длительность: ≈ 0 мин























Стали свидетелем важного события?

Пришлите фото/видео, факты и контакты — материалы рассматриваются конфиденциально.

Фото
Видео
Голос
Контакт
RELATED ARTICLES

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Most Popular