Нигин Алӣ Аҳмаднажод, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар озмуни “Донишҷӯи сол” дар Душанбе миёни хориҷиён ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ӯ зодаи шаҳри Теҳрони Эрон аст ва дар риштаи забоншиносӣ, бахши забони олмонӣ таҳсил мекунад.
“Азия-Плюс” бо ӯ атрофи таҳсил дар Тоҷикистон, озмун, забону фарҳангу таърихи яки тоҷикистониёну эрониён ва аҳдофаш гуфтугӯ кард.
Нигин мегӯяд, ба Тоҷикистон аслан бо нияти таҳсил наомада буд, мехост аз ин ҷо ба кишвари дигар сафар кунад.
“Дар ҳақиқат хеле тасодуфӣ буд. Мехостам аз ин ҷо ба Олмон биравам. Як силсила иттифоқоте афтод, ки дар Тоҷикистон мондагор шудам. Баъд аз тариқи чанд дӯст бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия шинос шуда, пасон тасмим гирифтам, ки дар ин боргоҳ таҳсилро оғоз кунам”, — мегӯяд ӯ.
Вай тариқи шартнома дар ин донишгоҳ таҳсил мекунад. Нигин дар озмунҳои байнулмилалӣ, ки бештарашон аз забони олмонӣ будаанд, ширкат ва ҷоиза дарёфт кардааст.
“Ман ду маротиба дар озмуни байнулмилалии шаҳри Қазони Русия, агар иштибоҳ накунам, дар Донишгоҳи давлатии Қазон, ҷойи якумро соҳиб шудам. Ширкат дар чунин озмунҳо ҳам барои беҳтар кардани сатҳи забони олмонӣ, ҳам барои ба даст овардани ҷоизаю мақом, бароям таҷрибаи хуб ҳастанд”, — афзуд ҳамсӯҳбати мо.
“Дар Тоҷикистон аслан эҳсоси ғурбат намекунам”
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пеш аз омадан гумон мекард, ки зиндагӣ дар кишвари дигар душвор хоҳад буд.
“Фикр мекунам, умумиятҳои хеле зиёде миёни Эрону Тоҷикистон ҳаст ва ман аслан эҳсоси ғурбат намекунам. Чунин эҳсосе надоштам, ки гӯё ба кишвари бегонае рафта бошам. Пеш аз омадан, фикр мекардам, шояд душвор бошад, сахт бошад. Аммо вақте вориди Тоҷикистон шудам, ҳисси ғурбат дар ман пайдо нашуд. Хеле чизҳо шабеҳ буданд, аз ҷумла меҳмоннавозӣ”, — бо лабханд қисса кард Аҳмаднажод.
Нигин таъкид мекунад, ки барояш тарзи либоспӯшии бонувони тоҷик ҷолиб буд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо духтарону занон фарҳанги либоспӯшии миллиро тавонистанд ҳифз кунанд.
“Либоси суннатие, ки хонумҳо дар Тоҷикистон мепӯшанд, барои ман аҷиб буд, ки вақте берун мераванд, либоси миллӣ мепӯшанд. Мо бештар дар маросимҳои суннатӣ либосҳои маҳаллии худро мепӯшем, вале дар рӯзмарра, масалан барои донишгоҳ рафтан, онро ба бар намекунем. Аммо ин ҷо духтарон либосҳое, ки фарҳанги маҳаллашонро инъикос мекунад, ба бар мекунанд, ки хеле зебо аст. Инҳо нишонгари таърих ва асолати мо ҳастанд, чӣ аз кишвари ман, чӣ аз кишвари шумо”, — мегӯяд ӯ.

Дониш, одоб ва як фарҳангу таърих
Нигин мегӯяд, хатти сирриликро зуд омӯхт, ҳарчанд дар аввал аз ҷиҳати навиштор каме душворӣ кашид. Ӯ панҷ забон — форсӣ, англисӣ, русӣ, олмонӣ ва дар сатҳи муошират арабиро балад аст. Ҳоло низ дар пайи омӯзиши забони дигар аст, чун бовар дорад, ки донистани забон ҳар дареро ба рӯи инсон боз мекунад.
“Қатъан, мо ҳар чӣ бештар забони хориҷиро балад бошем ва бидонем, боиси ифтихор ва пешрафти худамон хоҳад буд. Ҳар забоне, ки мо бидонем, як инсони ҷадид ҳастем. Бо фарҳангу таърихи он кишвар ошно мешавем ва зиндагиву кор дар он ҷо душвор нахоҳад буд. Хеле аз дӯстони тоҷикистонии ман, ба шиддат ба фарҳанги Эрон, ба хатти форсӣ майл доранд. Чанде аз ҳамдарсон ва дӯстонам хатти форсиро метавонанд бихонанд ва бинависанд. Ва боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар кишвари Тоҷикистон ба эҳёи алифбои ниёкон таваҷҷуҳи зиёд равона мешавад”, — мегӯяд ӯ.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар аввал баъзе калимаҳои тоҷикӣ барояш нофаҳмо буданд. Ҳатто муддате манзури тарафи муқобилро мутаваҷҷеҳ намешуд.
“Масалан, калимаи ‘бача’, ки дар Тоҷикистон бештар барои писар ба кор меравад, дар Эрон ба кӯдаки навзод чӣ духтар ва чӣ писар мо мегӯем ‘бача”. Ин ҷо ба “хоҳар” мегӯянд “апа”, ба “аму” мегӯянд, “амак” ва “дойӣ”- ро “тағо” хитоб мекунанд”, — бо табассум афзуд ӯ.

Атрофи озмуни “Донишҷӯи сол”
Нигин дар озмуни “Донишҷӯйи сол” бо тавсияи устодони донишгоҳ ширкат кардааст. Ӯро дар донишгоҳ хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Дар ҳама озмун ва чорабиниҳои фарҳангӣ, тиҷорӣ ва сиёсӣ даъват мешавад ва ба унвони муҷрӣ, мутарҷим ва роҳбалад хидмат мекунад.
Ба нақли ӯ, дар озмун ҳар ширкаткунанда бояд дар мавзӯе рӯнамоӣ омода мекард ба саволҳои ҳакамон посух медод ва суханварӣ низ менамуд. Нигин мегӯяд, ба сатҳи забондонии ширкаткунандагони озмун ва ошноии онҳо бо фарҳангу таърихи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар дода шуд. Ӯ дар мавриди фарҳанги муштараки Тоҷикистону Эрон суханварӣ кардааст.
“Дар робита ба ҷашну одобу русуми ду кишвар, дар робита ба шоирону адибоне, ки дар ҳарду кишвар фаъолият доштанд, китобҳое, ки навишта шудаанд ва хеле чизҳои дигар баромад кардам. Дар айни ҳол ҳаяҷони зиёд ҳам доштам, чун намедонистам аз ман чӣ саволҳо пурсида мешавад. Вале хуб буд, ки ширкат кардам ва таҷрибаи наве касб кардам”, — афзуд ӯ.
Нигин мегӯяд, чун бештар аз дигарон роҷиби равобити муштараки Тоҷикистону Эрон, фарҳангу таърих ва адабиёти ду кишвар иттилоъ дошт, дар посух ба суолҳои ҳакамон душворӣ эҳсос накард.
“Иртиботи амиқе, ки миёни ду кишвар ҳаст, ин реша ва ин таърихи пуршукӯҳ аст. Вақте дар бораи шоирони бузург, китобҳо ва нависандаҳо аз ман савол мешуд, ман метавонистам ҷавоб диҳам, чун иттилои кофӣ доштам”-бо лабханд гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Эрону Тоҷикистон аз як реша ҳастанд”
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ғалаба дар озмуни Тоҷикистон барояш ифтихор ва боиси хушҳолӣ аст. Ӯ афзуд, ки хонаводаву дӯстонаш дар Эрон хабари ғолибияти ӯро бо рӯҳбаландӣ истиқбол карданд.
“Ин боиси ифтихор аст ва ман ҳис намекунам, ки барои кишвари бегонае фаъолият кардаам ё имтиёзе касб кардаам. Гӯё барои Эрони азизи худам талош кардаам. Мо як реша дорем ва як таърих. Ифтихор мекунам, ки дар робита бо Куруши Бузург, дар робита бо устураҳои ҳарду кишвар суҳбат мешавад. Ҳамин тавр, дар ҳар куҷои шаҳри Душанбе мебинам, ки чӣ тавр муҷассамаҳо аз ин устураҳо сохта шудаанд ва таърих ин ҷо баръало намудор аст”, — мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Нигин таъкид мекунад, бархе ҷавонони эронӣ дар бораи Тоҷикистон маълумоти кофӣ ва дуруст надоранд.
“Фикр мекунам бояд бештар ба онҳо иттилоърасонӣ шавад. Вале медонам, ки раисҷумҳури шумо миёни мардуми Эрон хеле маҳбуб ҳастанд, ба хотири меҳандӯстӣ ва таъриху фарҳангдӯстӣ”,-таъкид мекунад вай.
Ӯ илова кард, ки масъулини Тоҷикистону Эрон ҷиҳати бештар кардани бурсияҳои таҳсилӣ барои ҷавонони ду кишвар талош доранд, ки ин барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъсиргузор хоҳад буд.
“Вале бояд рӯи сатҳу сифати таҳсил ва мақоми донишгоҳҳо ва ҷойи кор хеле кор кунанд. Чун донишҷӯён ба ин фикр мекунанд, ки мадраке, ки аз он донишгоҳ мегиранд, дар оянда қарор аст дар куҷо ва дар кадом кишварҳо ба кор ояд”,-таъкид мекунад Аҳмаднажод.

“Орзу дорам, ки ҷанг дар тамоми дунё аз байн равад”
Нигин дар вақтҳои холӣ бештар ба мутолиаи китоб, рассомӣ ва забономӯзӣ машғул мешавад. Ӯ мегӯяд, осори шоирону мутафаккирони эронию тоҷикро меписандад ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ яке аз асарҳои дӯстдоштааш аст.
Аҳмадинажод аз рӯзҳои сахту сангине, ки мардуми Эрон таҷриба карданд, хеле мутаасир шуда, иброз дошт, ки тобистони соли гузашта, ҳангоми ҷанги 12-рӯзаи Исроил дар Эрон ӯ дар ватани худ қарор дошт.
“Орзу дорам, ки ҷанг дар тамоми дунё аз байн равад. Чун дар ин ҷангҳо мардуми бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Вақте ҷанги 12-рӯзаи аввал иттифоқ афтод, тобистони соли гузашта, дар Эрон будам. Шароит воқеан сахту мушкил буд. Аммо умедворам, ки ин ҳама ба зудӣ ба поён мерасад”, — мегӯяд ӯ.
Ӯ дар охир ба эрониёне, ки барои таҳсил ба Тоҷикистон омадан мехоҳанд, тавсия дод, ки пеш аз сафар дар бораи кишвар, урфу одат, фарҳангу таърихи он маълумоти кофӣ дарёфт кунанд.
Бояд гуфт, ки озмуни “Донишҷӯйи сол” миёни мактабҳои олӣ дар ду бахш- байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва миёни донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвари мо таҳсил мекунанд, сурат гирифт. Маросими ҷамъбасти ин озмун рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар доираи таҷлили 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Миёни Тоҷикистон Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ “Донишҷӯйи сол” эълон шуд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад дар ин пайванд мутолиа кунед: Донандаи 7 забон. “Донишҷӯи сол”-и Тоҷикистон кист ва чӣ корнома дорад?
Стали свидетелем важного события?
Пришлите фото/видео, факты и контакты — материалы рассматриваются конфиденциально.


