Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар Боку бо намоиши бозии дурахшон қаҳрамонии сатҳи D-и нахустин давраи Ҷоми ҷаҳонии ФИФА сиёни наврасони то 15 — соларо ба даст овард ва ин ифтихори таърихиро ба номи кишвар сабт кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон кард, ки дастаи футболи наврасони то 15-солаи кишвар бо роҳбарии Нӯъмонҷон Юсупов унвони қаҳрамонии сатҳи D-и ин мусобиқаро ба даст овард.
Футболбозони навраси тоҷик дар роҳи расидан ба ин ифтихор аввал дар марҳилаи чорякнаҳоӣ Литваро бо натиҷаи 5:2 мағлуб карданд, сипас дар ниманиҳоӣ бо бартарии 3:0 аз Ҷумҳурии Доминикан гузаштанд ва дар охир дар бозии ҳассос дастаи Канадаро бо натиҷаи 4:2 шикаст доданд ва ба қуллаи қаҳрамонии сатҳи худ расиданд.
Ин мусобиқаи таърихӣ бори нахуст аз сӯйи ФИФА ва бо иштироки 189 даста баргузор шуд.
Стали свидетелем важного события?
Пришлите фото/видео, факты и контакты — материалы рассматриваются конфиденциально.







