Аз аввали моҳи январ то имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 30 ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст, ки хисороти умумии онҳо аз 300 ҳазор сомонӣ гузаштааст.
Баҳром Бобоҷонзода, роҳбари шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ба TajNews.org иттилоъ додааст, ки яке аз ин ҳодисаҳо боиси талафоти ҷонӣ гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 8-уми январ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сӯхтор дар яке аз манзилҳои шаҳраки Ғафуров рух додааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодиса марди тахминан 40-сола ҷони худро аз даст додааст.
Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳо ҳанӯз таҳқиқ мешаванд. Мақомоти дахлдор аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд, ки дар истифодаи асбобҳои гармидиҳӣ, барқӣ ва дигар воситаҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд, то ки аз чунин фоҷиаҳо пешгирӣ шавад.
Тавсия дода мешавад, ки сокинон барои таъмини амнияти худ ва наздиконашон чораҳои заруриро андешанд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.