8.4 C
Лондон
Бахшҳо
    ДомойСиёсатТағйироти кадрӣ дар идораҳои давлатӣ: Ҳайати нави роҳбарикунандаи як қатор муассисаҳо эълон...

    Тағйироти кадрӣ дар идораҳои давлатӣ: Ҳайати нави роҳбарикунандаи як қатор муассисаҳо эълон шуд

    Имрӯз, 21-уми январ, дар як қатор идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои зертобеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд. Тағйирот ба Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ ва дигар муассисаҳо дахл дошт.

    Таъинотҳои нав:

    Мирзозода Рустам Пираҳмад – раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб – муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии ин ниҳод.

    Холмаҳмадзода Солеҳа – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

    Саидзода Носир Озод – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.

    Идрисзода Илёс Мумин – директори Агентии хизмати давлатӣ.

    Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ – директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.

    Абдуллозода Аҳтам Рустам – сардори Хадамоти иҷро.

    Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло – раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумат.

    Дар соҳаи телевизион ва радио:

    Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин – директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”.

    Зокирзода Маҳмадёқуб Раҷабалӣ – муовини аввали директори “Телевизиони Сафина”.

    Соҳибназари Муҳаммади Ғоиб – директори “Телевизиони Ҷаҳоннамо”.

    Дар бахши маориф ва илм:

    Муҳиддинзода Нуриддин Давлаталӣ – ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи А.И. Сино.

    Иброҳимзода Амир Мудин – ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов.

    Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло – ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн.

    Таъинотҳои дигар:

    Шарифзода Лутфия Шариф – сардори Саридораи бойгонӣ.

    Мализода Баҳром Ҳикмон – директори ҶСК “Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйи САНИИОСП”.

    Ин тағйирот бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идораҳо ва муассисаҳо амалӣ гардида, ҳадафаш такмили кор ва рушди соҳаҳои мухталиф мебошад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Минск, Беларус

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!

    Яндекс.Метрика