Пожертвовать
8.3 C
Лондон
Пожертвовать
Бахшҳо
    ДомойТамкини Меҳробиддин: "Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро дигар кунем"

    Тамкини Меҳробиддин: “Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро дигар кунем”

    Тоҷикистон як паноҳҷӯи афғонистониро, ки моҳи ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хушунати хонаводагӣ шикоят карда буд, бо хоҳару бародараш аз кишвар бадарға кард.Тамкини Меҳробиддин, паноҳҷӯи 24-солаи афғон, ки моҳи ноябр видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, акнун дар Афғонистон қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро 17-уми декабри соли 2024 аз кишвар бадарға карданд.

    “Барои тафтиши ҳуҷҷатҳо меравем” гуфтанду…”Онҳо ногаҳон омаданд. Гуфтанд, ки барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд ба Душанбе равем,” – нақл мекунад Тамкин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. “Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро дигар кунем.”Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мақомот онҳоро бевосита ба сӯи марз бурданд. “Соати 8-и бегоҳ ба марз оварданд. Хоҳарам хеле зорӣ кард, ки моро бадарға накунанд, мо касе надорем,” – мегӯяд Тамкин.

    Ду ҳуҷҷат – сабаби бадарға?Сабаби бадарға, тибқи гуфтаи Тамкин, доштани ду ҳуҷҷат будааст – ҳам раводиди Тоҷикистон ва ҳам корти паноҳандагӣ. Кормандони мақомот ба хоҳари Тамкин гуфтаанд, ки бародарашон дар он тарафи марз интизор аст. “Апаам ҳайрон шуд, ки чӣ хел бародар? Мо ака надорем,” – мегӯяд Тамкин.

    Шикоят аз хушунатИн қисса аз 19-уми ноябри соли 2024 оғоз ёфт, вақте ки Тамкин дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр кард. Дар он видео ӯ бо гиря мегуфт, ки як ҳамватанаш дар Тоҷикистон ӯро озору азият медиҳад.Раёсати корҳои дохилии Душанбе он замон тасдиқ кард, ки Тамкини Меҳробиддин ҳамсари марде мебошад, ки алайҳи ӯ шикоят кардааст. Вале дигар тафсилотро ошкор накарданд.

    Видеои Тамкин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Инстаграм, вокуниши зиёд ба бор овард. Корбарон аз мақомот даъват карданд, ки қазияро ҳаматарафа таҳқиқ кунанд.Вале ҳоло, баъд аз бадарға шудани Тамкин ва наздиконаш, мақомоти расмӣ дар бораи ин қазия хомӯширо ихтиёр кардаанд.

    Радиои Озодӣ кӯшиш кард, ки шарҳи расмии мақомотро дар бораи сабабҳои бадарғаи Тамкини Меҳробиддин ба даст орад, вале то ҳол посухе нагирифтааст. Дар сурати дастрас шудани посухи расмӣ, он дар ин гузориш илова карда хоҳад шуд.

    Манбаъ: Радиои Озодӣ


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: +380 733 123450

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    1 КОММЕНТАРИЙ

    Шарҳи худро илова кунед!