Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeТоҷикистонҲушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Боришоти шадид ва хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Боришоти шадид ва хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ

Рӯзҳои 21-22-юми январ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар боришоти шадиди борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Тибқи маълумоти расида, хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат-Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб вуҷуд дорад.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд:

  • Ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд.
  • Аз истифодаи дастгоҳҳои барқии худсохт худдорӣ намоянд.
  • Дар рӯзҳои боришоти шадид аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд ва аз сафарҳои нолозим худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати фавқулода ё зарурати кӯмак ба рақамҳои 112 ва ё телефонҳои (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?