Бо изофа шудани як миллиарду сесад миллион доллар ба буҷаи низомии Эрон дар буҷаи кулли кишвар барои соли 1396 (2017), ҳаҷми буҷаи низомии ин кишвар барои соли ояндаи шамсӣ ба 11 миллиарду 600 миллиун доллар расид.
Комиссиуни буҷаи 96, афзоиши як миллиарду сесад миллион доллар аз сандуқи тавсеаи миллӣ барои «тақвияти бунияи дифоъӣ» барои соли ояндаро тасвиб кард.
Хабаргузории «Тасним»-и наздик ба сипоҳи посдорони Эрон ба нақл аз Муҳаммадмаҳдии Муфтаҳ, сухангӯи комиссиюни буҷаи 96-и маҷлиси Эрон гузориш дод, ки «дар ҷаласаи асри душанбе, 11-и баҳман, ин муҷаввиз дода шуд, ки маблағи як миллиарду сесад миллион доллар аз маҳалли манобеъи сандуқи тавсеаи миллӣ барои тақвияти бунияи дифоъии кишвар, дар ихтиёри ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ қарор гирад.»
Дар лоиҳаи буҷаи давлати Ҳасани Рӯҳонӣ барои соли 96, ки дар моҳи декабри гузашта (озармоҳ) тавассути маҷлиси шӯрои Эрон тасвиб шуд, буҷаи Сипоҳи посдорон 100 дарсади афзоиш ёфтааст.
Акнун бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши таниш дар минтақа, гумон меравад, ки бахши аъзами буҷаи низомии ҷадид ба фаъолитҳои низомии Сипоҳ дар минтақа ихтисос дода шавад.
Буҷаи сипоҳи посдорон, ситоди муштараки артиши Эрон ва ҳамчунин буҷаи нерӯҳои басиҷ зарф солҳои гузашта аз афзоиши қобили мулоҳизае барӯррдор буд.
Хабаргузории нимарасмии «Меҳр» пештар бо муқоисаи буҷаи ниҳодҳои низомии лоиҳаи соли оянда ва нахустин соли зимомдории давлати Рӯҳонӣ, аз рушди 86 дарсадии буҷаи ин ниҳодҳо гузориш медиҳад.