Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоИмсол ҳам журналистон аз сӯҳбати орҷиналии Бег Сабур маҳрум шуданд

Имсол ҳам журналистон аз сӯҳбати орҷиналии Бег Сабур маҳрум шуданд

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон имсол ҳам дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш ширкат накард. Сабаби онро муовинаш дар рухсатии меҳнатӣ будани ӯ эълон кард.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини аввали Бег Сабур ба суоли рӯзноманигори хабаргузории “Озодагон”, ки пурсид оё дуруст аст, ки гӯё ширкати Бег Сабур дар нишастҳои матбуотӣ мамнӯъ шудааст, посух дод ин овоза дурӯғ аст.

Ба гуфтаи Абдураҳмонзода алъон раҳбари Хадамоти алоқа дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад. Чанд соли гузашта ҳам ӯ “бо сабабҳои узрнок” дар нишастҳои матбуотӣ ҳузур пайдо накардааст. Рӯзноманигорон ҳам бештар барои шунидани посухҳои аҷибу ғариби Бег Сабур ба нишастҳои матбуотиаш мерафтанд. Аммо баъдан овоза паҳн шуд, ки раисҷумҳур ба қудояш Бег Сабур ширкат дар нишастҳои матбуотиро манъ кардааст.

Сабаби ин манъшавӣ посухҳои аҷибу ғарибӣ раиси Хадамоти алоқа ба суолҳои рӯзноманигорон будааст. Дар як нишасти матбуотӣ ӯ сабаби қатӯи алоқа дар вилояти Бадахшонро ҳангоми нооромиҳои сарзада расидани тири дайдуи кадом шикорчие ба сими телефон хонда буд. Дар нишасти дигар ӯ эълон кард, ки дар ҳавлии Хадамоти алоқа пиёз корида, кормандонашро ба он ҷалб кардааст. Ҳамчунин ӯ бо суоли машҳураш дар бораи Фейсбук “соҳиби он кист? Оё андоз месупорад?” чанд вақт дар сархати расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика