Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро гаронтарин роҳи пулакӣ дар ҷаҳон боиси марги одамон шуд

Чаро гаронтарин роҳи пулакӣ дар ҷаҳон боиси марги одамон шуд

Дар паи ҳалокати 6 нафар бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ комиссиюни вижаи ҳукуматие таъсис шудааст, ки камбудиҳо дар ин роҳро муайян созад.

Тибқи хулосаи ин комиссиюн, айвонҳои муҳофизатӣ дар маконҳои фаромадани тарма кӯтоҳтар аз он чӣ пешниҳод шуда буд, сохта шудааст. Ба гуфтаи аъзои комиссиюн ҳанӯз маълум нест саббаи ин кор фасодкорӣ будааст ӯ нарасидани маблағ. Ин гурӯҳ ҳамчунин баъди омӯзиш тарҳи наверо пешниҳод хоҳад кард, ки тибқи он маконҳои нави бунёди айвонҳои муҳофизатӣ муайян ва пешниҳод мегардад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ ба ба маблағи 281 миллион доллар аз тарафи ширкати чинии “China road” бо маблағи қарзӣ, ки он ҳам аз Чин гирифта шудааст, бунёд гаштааст. Сар аз оғози сохтмони ин роҳ борҳо мутаассисон ва шоҳидон аз дздиву фасодкорӣ дар сохтмон бонги хатар зада буданд. Шоҳидон аз фурӯхта шудани садҳо тон сементу дигар маҳсулоти сохтмонӣ нақл мекарданд.

Баъдан ин роҳ пулакӣ эълон шуд ва дар ихтиёри ширкати IRS қарор гирифт, ки ба домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев мутаалиқ аст. Бо вуҷуди ин ки нархи ҳаракат дар ин роҳ гаронтарин дар ҷаҳон аст, ширкати IRS  аз тамоми андозҳо озод буда, танҳо масъулияти таъмири роҳро ба ӯҳда дорад, ки он ҳам бисёр бо кундӣ ва бо истифодаи маҳсулоти арзону пастсифат ҷараён мегирад. Аз маблағҳое, ки ин ширкат ҷамъоварӣ мекунад. барои пардохти қарзи сохтмони роҳ ба Чин низ ҳеҷ маблағе ирсол намешавад. Ҳамчунин тибқи иттилои намояндагонаш, масъулияти сохтмони айвонҳои муҳофизатӣ низ ба дӯши ин ширкат нест.

Тибқи ҳисоби коршиносон, IRS аз ин роҳ солона беш аз 100 миллион доллар фоидаи соф мегирад. Ин маблағҳо, тибқи иттилои манобеъи мухталиф, билофосила  ба суратҳисоби ин ширкат дар ҷазираҳои Вирҷиниё ирсол мегарданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика