Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДонишҷӯдухтарон муваззаф шудаанд то 1 март ба куртаҳои атласу адрас гузаранд

Донишҷӯдухтарон муваззаф шудаанд то 1 март ба куртаҳои атласу адрас гузаранд

Тибқи як фармони вазорати маориф роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муваззаф шудаанд то оғози баҳор атласпӯшии донишҷӯдухтаронро таъмин намоянд.

Ин фармон, ки бо имзои муовини вазири маориф Б. Одиназода тасвиб шуда, аз тарафи блогнавис Рустам Гулов нашр шудааст, аз донишгоҳу данишкадаҳо талаб мекунад то  “бо мақсади тарғиб ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва таҷлили шоистаи Наврӯзи байналмилалӣ”, “аз як марти соли ҷорӣ дар муассисаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон пӯшидани сару либоси миллиро аз матоъи атласу адрас ва чакан бо сабку услуб ва нақшу нигораҳои миллӣ дӯхташуда” роҳандозӣ карда шавад.

Қаблан танҳо он донишҷӯдухтароне муваззаф ба пӯшидани куртаи атлас мешуданд, ки дар роҳпаймоиҳо ё маршировкаҳо ширкат мекарданд. Онҳо маҷбур буданд куртаро аз ҳисоби худашон харидорӣ намоянд. Шикоятҳои зиёде аз ин дрнишҷӯён расонаӣ шуда буд, ки онҳо қудрати харидории атласи гаронбаҳоро надоранд ва бояд қарз бигиранд.

Аммо инак тамоми донишҷӯдухтарон муваззаф шудаанд куртаи атласу адрас ва чакан пӯшанд. Вале маблағи онро яз куҷо пайдо хоҳанд кард, суоли матраҳ аст. Паём.нет тахмин мезанад, ки ин кор тиҷорати кадом мақомдор ё узви Оила аст, ки мехоҳанд аз ҳисоби донишҷӯдухтарон даромад гиранд.

Ба зудӣ таҳқиқоти Паём.нет дар ин робита нашр хоҳад шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?