Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоРаҳмонобод, 1000 сомонӣ(раҳмонӣ) ва ҳоло «дарси раҳмонӣ»

Раҳмонобод, 1000 сомонӣ(раҳмонӣ) ва ҳоло «дарси раҳмонӣ»

Академияи илмҳо ва вазорати маориф талош доранд то бар асоси як таҳқиқот дар донишгоҳҳо дарсеро бо номи “мактаби Эмомалӣ Раҳмон” роҳандозӣ кунанд. Бар асоси ин тарҳ қарор аст тамоми дипломатҳои ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо дарсеро таҳти ҳамин ном дошта бошанд ва бо шеваи роҳбарии президенти якумраи Тоҷикистон шинос шаванд.

Бештари коршиносон ва таҳлилгарон ин амалро идомаи шахспарастӣ, чоплусӣ, хушомадгӯӣ ва таҳкими диктатура дар кишвар медонанд. Зеро пештар аз ин дар Вилояти Бадахшони куҳӣ деҳаеро Раҳмонобод номиданд. Пас аз он як нафар аз ноҳияи Ҳисор пешниҳод намуд, ки дар  1000 сомона ҳам бо акси Раҳмон чоп карда шавад, ки хелеҳо бо шухӣ номи онро 1000 раҳмонӣ ҳам гузоштаанд.

Бархе аз мунтақидон бар ин назар ҳастанд, ки агар қарор аст даврони давлатдорие омӯхта шавад, бояд таҷрибаи ҳама омӯхта шавад на аз як шахси хосс.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёриҳо Убайдуллоевро яке аз роҳбарони муваффақ медонистанд ва аз кордонии ӯ борҳо ситоиш кардаанд. Агар қарор бошад ба ҷуз Раҳмон таҷрибаи каси дигаре ҳам омӯхта шавад мутмаиннан наметавонад Рустам бошад. Агар ин кор дуруст сурат бигирад пас нафари баъд бояд Убайдуллоев бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир Раҳмон дили хуше аз Убайдуллоев надорад ва ҳатто пас аз барканориаш корҳои ӯ аз тарафи агентии мубориза бо фасод зери санҷиш қарор доранд.

Бинобарин ба назар мерасад боз ҳам шахсияти ягона, ивазнашаванда, берақиб, бемонанд ва … худи Раҳмон мемонад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика