Дар соли ҷавонон ҳукумати кишвар дар назар дорад аз ҳисоби грантҳои давлатӣ барномаҳои омӯзишиеро барои ҷавонон роҳандозӣ намояд. Ин маҳфил барои ватанпарастии ҷавонон нигаронида шудааст, менависад “агентии Ховар”.
Қарор аст ин барнома 3 моҳ идома ёбад ва баъд аз он ба иштирокчиёни он сертификат дода шавад.
Аммо саволи асли инҷост, ки оё ҷавонон бидуни пешво наметавонанд Ватанпараст бошанд? Оё пайрави Пешво будан ватанпараст будан аст? Пас аз чанд суҳбат бо ҷавонони фаъоли яке аз донишгоҳҳои кишвар ба чунин хулоса омадам, ки дар Тоҷикистон ин раванд бештар ба манқуртсозии ҷавонон шабоҳат дорад то ба Ватанпараст кардани онҳо. Ватанпарастӣ набояд ба касе ё чизе ё шахсе рабт дода шавад. Зеро шахсиятҳо ҳарчанд “бузургу маҳбуб” ҳам бошанд аз байн мераванд, аммо ин Ватан аст, ки ҳамеша мемонад. Пас оё чунин равиши кор ба нафъи Ватан ва миллат аст ё ба хотири таҳкими ҳукумати авлодӣ ва якумрии як оила?
Фикр мекунам агар ин равиш ками дигар идома пайдо кунад фардо пас марги Пешво агар касе барояш гиря накард ҷонишинаш онҳоро ба қатл хоҳад расонд. Чуноне, ки намунаашро дар Кореяи Шимолӣ шоҳид будем. Ҳатто худи ҳамон чиновникҳо низ баъдан аз қаҳри ҷонишини пешво дар амон нахоҳанд монд.