Tuesday, February 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚирғизистон ният дорад ба Тоҷикистон интернет фурӯшад

Қирғизистон ният дорад ба Тоҷикистон интернет фурӯшад

Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод карданист, ки дасти сеюм шуда аз Қирғизистон интернет харидорӣ кунад.

Бакитбек Шаршембиев,Раиси Кумитаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Қирғизистон ҳини суханронияш дар Парлумони ин кишвар дар ин бора иттилоъ додааст.

Бино ба расонаҳои хабарии қирғизӣ иддае аз вакилони Парлумони Қирғизистон ба далели гарон будани хадамоти интернетӣ дар ин кишвар, ки аз Қазоқистон харидорӣ мешавад, изҳори нигаронӣ карда, ҷойгузин кардани ширкатҳои чинӣ ба ҷои ширкатҳои қазоқистониро хостор шудаанд.

Қиммати хадамоти интернет дар Қирғизистон дар муқоиса бо Қазоқистон 10 баробар гаронтар аст, ин мавзуъ муддатест, ки муҷиби ихтилоф миёни мақомоти ширкатҳои мухобироту иртибототи Қирғизистон ва Қазоқистон шудааст. Аз ин рӯ намояндагони Парлумони Қирғизистон ба раиси Кумитаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки бо хариди ҳаҷми бештари интернети чинии арзон бахше аз ин хадамотро ба Тоҷикистон бифурӯшанд.

Ширкатҳои чинӣ ба Қирғизистон хариди ҳаҷми зиёди хадамоти интернет ба қиммати арзонро пешниҳод кардаанд, ки бештар аз ниёзи ин кишвар мебошад .

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular