Дар шаҳри Душанбе, пойхтахти Тоҷикистон, назди маҷмаъаи савдои “Садбарг” кормандони милитсия алайҳи калушпушон “облава” гузаронидаанд.
Чи тавре, ки “Азия-плюс хабар медиҳад, якчанд нафар сокинони шаҳр шикоят кардаанд, ки ба сабаби дар пояшон калуш будан, кормандони милитсия онҳоро дар назди маҷмаъаи савдои Садбарг боздошт намуда ҷарима кардаанд.
Як нафар калушпуш, ки уро милитсия боздошт кардааст, ба Азия-плюс гуфтааст, у ва дигар калушпушонро милитсия боздошт намуда 60-сомонӣ ҷарима кардааст.
Аммо сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст, дар ин бора ба ҳеҷ як корманди милитсия фармон нашудааст ва аз ба вуқуъ пайвастани чунин ҳодиа изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар мақомоти шаҳрдорӣ низ гуфтаанд, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ чунин дастур содир нашудааст.
Пас суоли матраҳ инаст аст, ки агар дастур аз ҷониби шаҳрдорӣ ва ё ВКД содир нашуда бошад, бо либоси низомӣ облавакунандагон алайҳи калуш киҳо буданд?
Шояд дуздон аз бетаҷрибагиву ҷавонӣ ва малакаи ками корӣ доштан дар умури шаҳрдории раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ суистифода карда бошанд?
Калуш як пойафзоле аст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба таври густарда истифода мешавад. Асосан калушро аз болои пойафзоли тунук мисли масҳӣ ва пойафзолҳои зуднамкашанда мепӯшанд.
Чӣ мардуми шаҳр ва ё деҳот дар кишварҳои Осиёи Миёна калушро баҳору зимистон ҳатто бидуни масҳӣ ҳамчун пойафзол истифода мебаранд.