Дар Қирғизистон бо вуҷуди он, ки то ба интихобот хеле вақт ҳаст, аллакай рақобати талабгорони курсии президентӣ оғоз шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Азатик» хабар додааст.
Омурбек Бабанов
Яке аз асоситарин талабгори курсии президентӣ Омурбек Бабанов, сарвазири феълии Қирғизистон буда ҳамзамон роҳбари ҳизби парлумонии «Республика — Ата-Журт» мебошад.
Бабанов 46 сола буда дар гузашта ҳамчун тоҷири муваффақ шинохта шудааст. У соҳиби се дипломи маълумоти олӣ буда мутахассиси соҳаҳои кишварзӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Маълумоти кишварзӣ ва иқтисодиро дар Руссия гирифтааст. Айни ҳол аз муҳимтарин шахсони бовариноки президенти феълии Қирғизистон маҳсуб мешавад. Айёми инқилоби лолагуни Қирғизистон яке аз шахсони фаол дар майдонҳо буда алайҳи Боқиев изҳорот медод.
Темир Сариев
Бино ба маълумотҳои расонаҳои қирғизӣ собиқ сарвазири Қирғизистон Темир Сариев ва роҳбари фраксияи порлумонии «Онугуу-Прогресс» Бакит Торобаев низ хостори курсии президентӣ будаанд.
Роза Атунбаева
Чанд руз пеш бошад дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук як саҳифае бо номи “Роза Атунбаева — президенти мо 2017” («Роза Отунбаева — наш президент 2017») пайдо шуд, ки дар он мардуми Қирғизистонро барои ҷонибдорӣ кардан аз Роза Атумбаева ташвиқ карда мешавад.
Роза Атунбаева солҳои 2010- 2011 президенти Қирғизистон буд.
Умед меравад дар интихоботи навбатии перзидентии Қирғизистон теъдоди нафарони талабгори курсии президентӣ то рафт афзун мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи президентии соли 2011 дар Қирғизистон шонздаҳ нафар номзад иштирок ва рақобат карда буданд.
Қирғизистон демократитарин кишвари Осиёи миёна маҳсуб мешавад. Дар ин кишвар наздик ба дусад ҳизби сиёсӣ сабти ном шуда ба таври солим рақобати сиёсиро пеш мебаранд. Чанде аз вазирон роҳбарони аҳзоби сиёсии рақиби ҳизби ҳокими ин кишвар мебошанд.
Тибқи қонунгузории Қирғизистон интихоботи президентӣ тирамоҳи соли 2017 баргузор мешавад.