Ҳунарпешаи амрикоӣ Линдси Лохан дар бораи чигуна ба дини мубини ислом гаравидани худ ва мулоқоташ бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ошкоро сӯҳбат кардааст.
Пеш аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан дар Твитер сару садоҳое буд, ки Линдси дини мубини исломро қабул кардааст. Вале худи у дар ин бора чизе нагуфта буд.
Лохан дар сӯҳбат бо The Daily Mail гуфтааст, то ин, ки ба таври кофӣ ба ин дин шинос нагардидам, мусалмон нашудам.
“Ман Қуръонро хуб ва кайҳост, ки меомӯзам, Қабул кардани дин ин раванд аст, ман ба тамоми адён эҳтиром қоил ҳастам. Аммо Ислом ин зеботарин ва боадолаттарин дин аст” — афзудааст Линдси Лохан
У гуфтааст пеш аз ҳама сулҳофару сулҳпарвар будани ин дин ва намозҳои ҷамоатӣ дар ислом барояш хеле писанд аст.
Лохан дар бораи мулоқоташ бо президенти Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст: “ Ман шахсан бо у мулоқот кардам. Дарёдиливу кушодаруии ин шахс ба ман хеле маъқул шуд. Тамоми кишвараш пайраву пуштибони у ҳастанд. Месазад, ки аз у ибратҳои зиёде гирифт”
Линдси Лохан 2 июли соли 1986 дар Ниюйорки ИМА таваллуд шудааст. У аз хурдсолӣ ба шуғлҳои филмофарӣ, тарроҳӣ, муҷрии барномаҳои телевизионӣ, сарояндагӣ ва ғайра машғул шуда ба зудӣ дар ҷомеаи Амрико ва ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Гуфта мешавад модараш шахси диндор буда муътақид ва пайрави равияи католикӣ будааст. Овони наврасияш шоҳиди мушкилиҳои зиёди оилавияшон гардидааст.