Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон дар гузориши худ дар Маҷлиси Миллӣ гӯфтааст, ки шабакаи интернет ва сомонаҳои характери ифротӣ дошта аз таҳдидҳои аслӣ ба амнияти кишвар мебошанд. Ба гуфтаи ӯ дар соли гузашта шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ 5 маротиба кам шудааст, аммо интернет як таҳдиди асосӣ барои пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст.
Юсуф Раҳмон таъкид кардааст, ки дар соли гузашта 2030 вебсайт ва 9400 саҳифаи интернетӣ аз суи ин ниҳод бо ҳамкории кумитаи амният баста шудаанд.ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки 4200 видеоролик ҳам ошкор ва блок карда шудаанд.
Аммо саволи матраҳ ин аст, ки дар кишварҳои пешрафта интернет дар ҳар хона вуҷуд дорад, вале ба амнияташон таҳдид намекунад, чаро маҳз ба амнияти кишвари мо таҳдид мекунад?
Додситон дар бораи шиканҷаҳои зиндониён ва поймолшавии ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомот фикр накардааст, ки далели аслии ифротгароист. Дар воқеъ ин диктатура, зулм ва поймолкунии ҳуқуқ, маҳдуд кардани озодиҳои фардӣ ва монополия кардани қудрату иқтисод аз ҷониби як гурӯҳ аст, ки ифротгароиро тавлид мекунад. Ин бекорӣ ва муҳоҷирати беравия аст, ки ифротгароиро ба вуҷуд меоварад.