Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоСалоҳиддин Раббонӣ: «Афғонистон имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои терористӣ ба...

Салоҳиддин Раббонӣ: «Афғонистон имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои терористӣ ба Тоҷикистон осеб расонанд»

Вазири умури хориҷаи Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ дар нишасти матбуотӣ, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон  ҳини баромадаш гуфтааст, Афғонистон ба ҳеҷ сурат имкон нахоҳад дод, ки гурӯҳҳои терористӣ аз қаламрави он кишвар ба Тоҷикистон осеб расонанд.

Сироҷиддин Аслов низ зимни баромади худ дар ин нишасти матбуотӣ гуфтааст, намояндаи ҳукумати Афғонистон ҷониби Тоҷикистонро бовар кунонид, ки ба ҳеҷ сурат намегузоранд, тундравони низомӣ аз ҷониби Афғонистон гузашта ба Тоҷикистон зарар расонанд.

Ин мутмаинсозии вазири умури хориҷаи Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳолест, ки сиёсатшиноси қирғизистонӣ Сергей Кожемякин дар як матлабаш, ки тавассути нашрияи расонаӣ шуд, изҳори нигаронӣ карда буд, ки дар Афғонистон, дар навоҳии наздик ба сарҳади Тоҷикистон, ҳудуди понздаҳ ҳазор ҷангҷуёни тундрав ба ҳам омадаанд. У гуфта буд, ки ҷониби Афғонистон қодир ба ин нест, ки ҷилави ин ҷангҷуёнро бигирад.

Илова бар ин Замир Кобулов, фиристодаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон дар сӯҳбат бо низ гуфта буд,  хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Кобулов дар сӯҳбат  изҳор дошта буд, ки феълан Толибон дар иттиҳод бо ҷангҷӯёни дигар дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи асосӣ ташкил кардаанд: “Теъдоди умумии ҷангҷӯёни мусаллаҳ ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика