Кармандони КДАМ дар ноҳияи Панҷи бар ивази як «ҷиноят» панҷ ҳазор доллар аз сокинон пул талаб мекунанд. Кормандони шӯъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи ду моҳи ахир алайҳи бародарону хоҳарон ва дигар пайвандони фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фишор оварда, озору шиканҷаи онҳоро афзоиш медиҳанд. Дар ин раванд, масъулини ин шӯъбаи КДАМ тамоми бародарону хоҳарони фаъоли сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдусамад Абсаторовро дар ин ноҳияи назди сарҳадии вилояти Хатлон пайваста даъвату бозпурсӣ ва онҳоро мавриди озору шиканҷа қарор додаанд. Мақомоти КДАМ дар ноҳияи Панҷ бародарону хоҳарон ва дигар наздикону пайвандон Абдусамад Абсатторов, фаъоли ҲНИТ-ро ба иттиҳоми телефонӣ суҳбат кардан ва аҳволпурсӣ намудани ин бародаронашон 5 ҳазор долларӣ «доля» бастаанд. Ба гуфтаи кормандони ин кумита ин панҷ ҳазор долларӣ барои кисаи худи онҳо набуда, фармони «долия» бастани сокинон аз «боло» ба онҳо содир шудаасту онҳо дар ин амр ба ҷуз итоъат ва фармонбардорӣ чизе каму зиёд накардаанд. Пеш аз ин ҳам кормандони ин шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Панҷ наздикону пайвандони фаъолони ҲНИТ-ро таъқибу таҳдид ва болои онҳо фишор меоварданд, аммо ин ки ин дафъа аз ҳар яки онҳо панҷ ҳазор долларӣ пул талаб кардаанд, бори аввал аст. Ёдрас мешавад, ки кормандони ин шӯъбаи ноҳиявии КДАМ дар моҳи сентябри соли 2016 низ чанд маротиба ба хонаи ин фаъоли ҲНИТ юриш бурда буданд ва дар натиҷа фишори модари 77-солаашон аз ҳадд зиёд шуда, ба шаҳодат расид.
Панҷ: «Доля»-и КДАМ панҷ ҳазор доллар
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.