Хонандагони Паём.нет аз навоҳии Тоҷикистон хабар доданд, ки аз санаи 15 феврал то 15 уми март амалиёти якмоҳаи “маданияти шаҳрдорӣ” эълон шуда дар рафти ин амалиёт ҳуҷум зидди сатру ҳиҷоб авҷ гирифтааст.
Як хонандаи паём.нет тавассути вотсап аз ноҳияи Ашт ба мо хабар дод, ки тибқи ин амалиёт модарону духтарони сатру ҳиҷобпушро дар кучаву хиёбонҳо пулис ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ боздошт намуда, онҳоро маҷбур карда истода будаанд, то сатру ҳиҷобашонро аз сар бадар кунанд ва ё ҳеҷ набошад, ягон руймоли майдаеро аз пушти сар бубанданд, то ин ки баёзи гарданашон луч бимонад.
Ин манбаъ гуфт, чанд нафари сатрпӯше, ки аз деҳот ба маркази маъмурии ноҳия, шаҳраки Шайдон омада буданд, дар қади куча пулис бо ҳамроҳии ду — се хонуми корманди ҳукумати ноҳия маҷбур кардаанд, ки ҳамагӣ сатри худро бадар кунанд. Ба оҳу воҳи онҳо нигоҳ накарда кормандони мақомот пофишорӣ мекардаанд ва мегуфтаанд, сатру ҳиҷоб зеби шаҳрро мекоҳонад ва ба маданияти шаҳрдорӣ халал ворид мекунад.
Манбаъ меафзояд, кормандони мақомот сатру ҳиҷобпушонро ба бегонапарастиву бемаданиятӣ муттаҳам намуда, сатру ҳиҷобро ба маданияти миллӣ бегона унвон кардаанд.
Ин хонандаи паём.нет гуфт, чун ман ҳам дар сар сатри исломӣ доштам, ин ҳодисаро аз дуртар мушоҳида мекардам, дар ҳол ба хона баргаштам ва дигар дилам намехоҳад аз хона берун шавам.
«Дар ҷои ҳодиса чанд мардонро ҳам дидам, ки мешинохтамашон. Онҳо аҳли намоз буданд, вале ба ин ҳодисаи нангин бетарафиро пеша карда бепарвоёна роҳи худро идома медоданд.»- афзуд манбаъ
Манбаъ бо алам мегуяд, то кай ин зулм давом мекарда бошад, то кай мардони мо беномусиро пеша карда то ҳадде, ки дар пеши чашмашон ба номуси хоҳарони имонияшон чанг мезананд, онҳо бетарафиро пеша мекунанд?
Амалиёти маданияти шаҳрдорӣ чандест дар бисёре аз навоҳии кишвар шуда гузашта истодааст. Вале талаботи асосии ин амалиёт ба шаҳрвандон омузонидани маданияти шаҳрдорӣ буда, бештар ба пиёдагардоне, ки роҳҳои мошингардро аз ҷои муқаррарнашуда убур мекунанд назорат бурда мешавад. Ҳамчунин назорати ҷиддӣ барои тозаву озода нигоҳ доштани марказҳои маъмурӣ ва шаҳраку шаҳрҳои Тоҷикистон нигаронида шудааст. Вале ҳамоно ин амалиёт танҳо бо ҳуҷум зидди сатру ҳиҷоби занон ва риши мардон маҳдуд мондааст.