Thursday, June 19, 2025
ads
HomeХабарҳоДарси маданияти шаҳрдорӣ, ё боз ҳам ифрот

Дарси маданияти шаҳрдорӣ, ё боз ҳам ифрот

Рустами Эмомалӣ қарореро имзо кардааст, ки бар асоси он  барои дарси маданияти шаҳрдорӣ ба мардум гурӯҳҳо ташкил карда мешаванд. Ин гурӯҳҳо бештар ба шарҳи қонуни масъулияти падару модар, қонуни танзим ва баъзе чизҳои протоколие мепардозанд, ки аксари мардуми кишвар бо асли онҳо мухолифанд.

Барои мисол қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро аксари мардуми кишвар қабул надоранд. Зеро онро аз як тараф дахолат дар зиндагии шахсиашон медонанд, аз тарафи дигар василаи корупсия барои доираҳои махсус. Яъне ҳоло агар касе хост маърака ё туй баргузор кунад бояд ҳатман “доляи” раиси танзимро ҳам ба назар гирад, то туяш «тенҷу ором» гузарад.

Аз тарафи дигар чанд рӯз пештар яке аз вакилони шаҳри Душанбе пешниҳод карда буд, ки раванди воридшавии рустоиён ба деҳот бояд зери назорат гирифта шавад. Зеро рустоиҳо зиёд ба Душанбе меоянду онҳо маданияти шаҳрнишиниро намедонанд.

Дар паи ин пешниҳоди вакил Баҳодур Раззоқов интиқодоти зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Аз ҷумла як нафар навишта буд, вақте шумо худатон намехоҳед деҳотиҳо вориди Душанбе шаванд аз Русҳо чӣ гила? Ҳоло мефаҳмед, ки Русия чигуна деҳотиёни шуморо таҳаммул кардааст?

Аммо ба назар мерасад раиси нав мехоҳад дар шаҳр кореро анҷом диҳад, ки мардум  вуҷуди уро эҳсос кунанд. Мехоҳад нишон диҳад, ки ӯ тавонотар ва боистеъдодтар аз Убайдуллоев аст. Аммо мисли ҳамаи корҳои ҳукумат ӯ ҳам ин корро мехоҳад бо дастуру фармон анҷом диҳад.

Касе нест, ки аввал ба ин вазирону раисони мо биомӯзад, ки маданияту фарҳангу одобу русумро бо фармону дастур наметавон тағйир дод.  Балки барои инкор барномаҳои фарҳангиву иҷтимоиву тарбиявии чандсола лозим аст.

Масъулони ҳукумати имрӯзаи мо ба ҳадде ифротгаро ҳастанд, ки фикр мекунанд ҳама корро бо зуру таҳдиду дастуру фармон метавон анҷом дод. Дар ҳама кор ифрот мекунанд.

Ҳоло бошад даст ба чунин иқдом задани раиси нав ҳам аз ҳамон психологияи роҳбарии дитаторӣ хабар медиҳад. Боз ҳам аввалин ҳадафи ин барномаҳои ифротӣ занони руймолдор, афроди ришдор ва қишри камбизоати калушу маҳсипӯш хоҳад буд. Зеро дар зеҳни ин ба истилоҳ интелигенсияи ҳукуматӣ маданияти шаҳрдорӣ танҳо дар либоспушӣ хулоса мешавад. Маданияти сухангуфтану эҳтиром ба қонун, озодии шахсиву эҳтиром ба муқаддасоти инсон дар фарҳангу маданияти ин “неошаҳрнишинон” аслан вуҷуд надорад.

Барои онҳо маданият итоат аз фармони Пешво ва мадҳу ситоиши ӯст на чизи дигар!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?