Қисме аз бонувони ҳиҷобпӯши пойтахтро як иқдоми шаҳрдорӣ дар бораи ҳиҷобситезӣ нигарон кардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, тибқи як Барномаи шаҳрдорӣ бояд дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт бонувон бо рӯсарӣ гашту гузор накунанд, то ин бонувон бо пӯшидани ҳиҷоб аз зебогии шаҳр накоҳанду табъи шаҳрнишинонро хирра насозанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло фасли зимистон аст ва ҳама аз хунукӣ ва сармо рӯсарӣ ё куллоҳ мепӯшанд, ҳиҷобпӯшии онҳо он қадар ба назар намерасад ва метавонанд ба кӯча ва ҷойҳои ҷамъияти раванду мушкилоти рӯзгори худро сомон диҳанд. Аммо бо фарорасии фасли баҳор авзоъ дар ҷомеа барои бонувон тағйир карда, занону духтарони сатрпӯшро дар ҳол аз дигарон ҷудо кардан осон мешавад ва фишору таҳдиду таҳқири онҳо низ эҳтимол афзоиш биёбад. Дар ҳоли ҳозир хеле аз бонувони муҳаҷҷабаи кишвар аз рейдҳои муштарак ва мухталифи мақомоти кишвар дар бораи сатру ҳиҷоб ва пойафзолу поҷома хаста шуда, аз шавҳарони муҳоҷирашон талаб доранд, ки баргашта ба Ватан биоянду мушкилоти кӯчаву бозорро худашон ҳаллу фасл кунанд, то онҳо оромона ба умури хонавода ва тарбияи фарзандон бирасанд.
Ҳароси бонувон аз омадани баҳор
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.