Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникӣ ҷойгоҳи кишварҳои ҷаҳонро дар истифода аз интернет таъин кардааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон дар ин радабандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор гирифтаанд.
Бар асоси ин радабандӣ, Тоҷикистону Туркманистон дар гурӯҳи кишварҳое қарор гирифтаанд, ки 76 то 100 дарсади шаҳрвандон ба интернет дастрасӣ надоранд .
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойгоҳи аз ҳамаи беҳтар қарор гирифтааст ба тавре, ки 75 дарсад аз мардуми ин кишвар ба интернет дастрасӣ доранд .
Дар Узбакистону Қирғизистон аз 51 то 75 дарсад аз ҷамъият аз дастрасӣ ба интернет маҳрум ҳастанд .
Бар асоси гузориши Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникӣ, 66 дарсад аз ҷамъияти кишварҳои ИДМ ба интернет дастрасӣ доранд .
Аз миёни ин ҷумҳуриҳо Русия дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи дастрасӣ ба интернет қарор гирифтааст .
Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникӣ як ниҳоди тобеи Созмони Милали Муттаҳид буда соли 1865 дар шаҳри Пориси Фаронса бо номи Иттиҳоди байналмилалии телеграфия таъсис ёфтааст. Соли 1934 номи худро ба Иттиҳоди байналмилалии иртиботи электроникӣ (ITU) иваз намуда, аз соли 1947 ниҳоди махсуси тобеи Созмони Милали Мутаҳид гаштааст.