Имрӯз, 21-уми феврали соли 2017 мунтахаби «Ҳосилот»-и Фархор бо дастаи «Дордой»-и Ош қувваозмоӣ мекунад.
Рӯзи гузашта дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор барои дарёфти ба даври гурӯҳии бозиҳои Ҷоми АФК 2017 ба шаҳри Оши Кирғизистон сафар кард.
Мурабии калони дастаи футболи фархориҳо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев барои ин мусобиқа 18 бозингарро (2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар) даъват кардааст.
Оғози бозӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (14:00 бо вақти Душанбе) барпо мегардад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 28-уми моҳӣ ҷорӣ дар майдони маркази шаҳри Душанбе соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ доир мегардад.