Дар гузориши ахири созмони Афви Байналмилал (Амнести Интернешнал) омадааст, ки фазои дигарандешӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст. Дар ин гузориш дар бахши марбут ба Тоҷикистон тағйироти конститутсияи кишвар, ҳукми зиндони фаъолони ҲНИТ, шиканҷа, таъқиби адвокатҳо, вазъи озодии баён ва мушкили дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ баррасӣ шудааст.
Аз ҷумла ин созмон таъкид кардааст, ки боздошт ва муҳокимаи аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ноодилона ва пушида сурат гирифта, мардум аз воқеияти амр ноогоҳ мондаанд. Ба ҳамин хотир саволҳо ва норушаниҳои зиёде дар ин парванда вуҷуд дорад.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин гузоришро якҷониба ва ҳатто муғризона хондааст.
Зариф Ализода Омбудсмени тоҷик дар як мусоҳибааш бо “озодӣ” гуфтааст, ки “ин созмон ягонкасро таъриф накардааст”. Яъне Омбудсмен одат кардааст, ки ё таъриф шунавад ва ё ҳамеша таъриф кунад ва ҳоло чун ин созмон таъриф намекунад, ба ақидаи ӯ таҳлилаш дуруғ аст.
Ализода дар мавриди зиндонӣ шудани роҳбарияти ҲНИТ гӯфтааст, ки “гуноҳи онҳо дар суд исбот гардид”. Дар ҳоле, ки муҳокима махфиёна гузашту тамоми мардуми кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам медонанд, ки ин ҳукм сиёсӣ ва туҳмат аст.
Агарчӣ дар ин гузориш таъкид шудааст, ки шиканҷа дар Тоҷикистон кам шудааст, аммо ин воқеият надорад.
Барои мисол дар Тоҷикистон зиндонро ба макони тиҷорати шахсии баъзеҳо табдил додаанд. Барои қабул кардани хурок ба маҳбусон аз ҳар нафар 5 то 10 осомнӣ дархост мекунанд. Барои мулоқот ҳам 120 сомонӣ барои як шаб талаб мекунанд. Ғайр аз ин аз мулоқоткунандаҳое, ки шаб мемонанд, сари ҳар соат даромада 10 сомонӣ талаб мекунанд. Агар касе телефон дошта бошад 500 сомонӣ “ҷарима” мешавад ё ба шизо меравад. Аксари вақт хурок ва либоси хонаводаҳоро ба зиндониён намедиҳанд. Ҳатто баъзе хонаводаҳо либосҳои барои зиндонӣ бурдаи худро дар бадани кормандони зиндон дида шинохтаанд. Вале касе чизе гуфта наметавонад.
Хулоса шиканҷа дар зиндонҳо натанҳо ба зиндониён, балки ба наздикони онҳо ҳам сурат мегирад. Яъне шиканҷаи равоние, ки кормандони ин ниҳод ба мардум ворид мекунанд аслан нобахшиданист.
Бо вуҷуди ҳамаи ин Ализода аз озодиву риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дам мезанад. Ҳатто дар бораи конфронси Варшава ҳам сухан гуфтааст. Аммо нагуфтааст, ки чаро онро тарк карду дар муқобили саволҳои мантиқиву зиёди мухолифон чаро ҷавоб гуфта натавонист.