Имрӯз, 24-ум моҳи ҷорӣ, байни дастаҳо 1/8 финалии «Лигаи Урупо» соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ қуръакашӣ баргузор мегардад.
Шоми 23-юми феврали соли 2017 дар саросари Урупо бозии ҷавобии футбол байни дастаҳои «Лигаи Урупо» (Лига Европа) баргузор гардид. Ягона даста аз Ҷмҳурии Лаҳистон дастаи футболи «Легия»-Варшава дар сабқат аз дастаи «Аякс»-и Ҳоланд бо ҳисоби 0-1 шикаст хурд ва аз ҳаққи идома дар бозиҳо маҳрум гардид.
Дар ин бозиҳо дастаҳое, ки ба даври 1/8 финал роҳ ёфтанд ,маълум гаштаанд. Ин дастаҳо иборатанд, аз дастаи футболи «Краснодар»-и Россия, «Ростов»-и Россия, «Аякс»-и Нидерландия, «Манчестер Юнайтед»- Англия, «Рома»-и Италия, «Бешикташ»-и Туркия, «Шалке»-и Германия, «АПОЕЛ»-и Кипр, «Олимпиакос»-и Юнон, «Лион»-и Фаронса, «Боруссия»-и Германия, «Копенгаген»-и Дания, «Генк»-и Белҷик, «Андерлехт»-и Белҷик, «Селта»-и Испания мебошанд.
Саид Саидов, махсус барои Паём.нет