Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоПодполковники ВКД: ҳамагӣ 30%-и пора ҳаққи ман буд

Подполковники ВКД: ҳамагӣ 30%-и пора ҳаққи ман буд

Дар порагирии подполковники милитсия Мирзоалӣ Абдуллоев вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва муовинонаш дахил будаанд.

24-уми феврали соли 2017  аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода гуфтанд: Дар рафти тафтишоти пешакӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятии Мирзоалӣ Абдуллоев ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳаққи подполковник милитсия Мирзоалӣ Абдуллоев аз ин порагирӣ ҳамагӣ камтар аз сӣ дарсад, яъне 13 панҷсад доллари амрикоӣ ва боқимонда 30 ҳазор доллари дигараш ҳаққи вазиру муовинонаш будааст.

Манбаъ мегӯяд, баъди бозпурсии дастгир шуда ва таҳқиқи қазия маълум шудааст, ки тибқи маслиҳати пешакӣ дар ин қаллобӣ вазири корҳои дохила бо муовинонаш дахил будаанд.

Пеш аз ин 23-юми феврали соли ҷорӣ торнамои расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар дод, ки бар зидди муовини сардори Шӯъбаи кофтукови Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подполковники милитсия Мирзоалӣ Абдуллоев, бар асоси моддаи 247-ум қисми чаҳорум, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (яъне, қаллобӣ барои гирифтани «пора» дар ҳаҷми 43 500 долар) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои Дохилии Тоҷикистон дар торнамои расмиаш бо нашри як раддия гуфтааст: «подполковник Мирзоалӣ Абдуллоев собиқ шунавандаи курси 2-юми факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ буда, аз 1-уми феврали соли 2017 бо хоҳиши худ аз мақомоти корҳои дохилӣ «озод» карда шудааст».

ВКД бо ин усули кориаш гуфтан мехоҳад, ки вақте подполковник дар болои ҷиноят дастгир шуд, корманди ин ниҳод набуд. Аммо дар ҳоли ҳозир гуруҳи тафтишотии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар таҳқиқи ин ҷиноятро идома медиҳанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?