Ё биё мусалмон шав,
Ё маро насоро кун.
Соли гузашта хушҳолии мардуми кучаи Фединаи ноҳияи Сино аз итмоми масҷиди ба сад ҳавас сохтаашон ҳадду канор надошт. То ба истифодаи пурраи мардум супоридани масҷиди чандтабақаӣ ва замонавӣ чизе боқӣ намонда буд, ки ногоҳ тудаи калоғу фиръавнмаобе бо сардорӣ ва раҳбарии муфтимакарон садди он гаштанд.
Кулли муассисони масҷид танҳо ба хотири бунёди масҷиде ки ба иҷозаи ҳуккоми давр сурат гирифта буд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар он миён бештар аз ҳама ҷенероли мустаъфӣ бародари гиромии мо Абдулло Ҳабибов барои сохтумони масҷид заҳмат кашида буду ҳуккоми давр қариб монда буд уро ба зиндон андозанд. Баъди фишору тазйиқ мардум ва муассисон комилан аз баҳри масҷид даст кашиданду атояшро ба лиқояш бахшиданд.
Ҳуккоми давр ширкатеро пайдо кардаанд, ки омодаи пардохти қиммати ҳангуфте барои бинои масҷид будааст. Мегуянд, вақте раиси ширкат вориди бино мегардаду меҳроби масҷидро мебинад, даст аз харидории бино бармедорад. У намедонистастаст ки бинои мавриди назар масҷид аст.
Ба супоридани қисмате аз маблағи бино нигоҳ накарда раиси ширкат аз тарси Худо ва қиёми рузи маҳшар ру ба руи Худованди ягона ва қаҳҳору ҷаббор харидории масҷидро рад мекунад. Ҳайрати ман аз ин ҷост: Маълум аст, ки барои кормандони қудратии кишвар хароб кардани масҷид кори мушкиле нест ва агар фармон шавад онҳо як дақиқа ҳам дар ин кори «хайр» даранг нахоҳанд кард, зеро аксарият ба рузи ҷазо бовар надоранд.
Вале муфтимакарон чӣ? У ки ба қавли баъзеҳо олим асту мусалмон аст. Магар у намедонад, ки фардо назди Худо барои тахриби хонааш ҷавоб хоҳад гуфт? Пас чаро у зери фуруши хонаи Худо имзо мегузораду пули ҳарроми ба даст омадаро ба киссаи чапи майдон мезанад. Ё ба қавле муфтӣ ҳам аз шиъори мақомоти қудратӣ «гур сузаду дег ҷушад» ба таври аҳсан истифода мебарад?
Бо гузашти як сол аз сохтумони масҷид ҳануз ҳам ба истифода дода нашудааст. На ин бино масҷид гашту на ширкати тиҷоратӣ. На масҷиди давлатӣ гашт, ки хатибонаш дар хутбаҳояшон ҷуз мадҳу шукри ҳуккоми давр чизи дигар нахонанд ва на масҷиди ғайридавлатӣ. Ростӣ, дар чунин фазои мавҷуда дар кишвар кас намедонад, ки мусалмон аст ё кофар, ё ҳар ду.
Аз саҳифаи фейсбукии Иззат Амон