Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун!
Шӯрои Иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо изҳори дареғу таассуф аз даргузашти Қамариддин Авазов, падари Қиёмиддин Авазов бохабар шуда, ба бародари маҳбус Қиёмиддин Аваз ва тамоми хонаводаи муҳтарами ӯ ҳамдардӣ ва таслият арз мекунад.
Вазъи саломатии Қамариддин Авазови 70-сола пас аз хабари боздошт ва ҳабси тулонии писари калониаш Қиёмиддини Аваз бад шуда буд, аммо моҳи гузашта дар пайи даргузашти ҷонкоҳи писари дигараш Хайриддини ҷавон бар асари садамаи нақлиётӣ дар Русия вазъи саломатиаш вахимтар шуд ва чанд вақти ахир дар бистари беморӣ ба сар мебурд. Танҳо дар муддати ду моҳи ахир бародари маҳбусамон Қиёмиддин Аваз, ки бо туҳматҳои беасос ба 28-сол ҳабс маҳкум шудаву дар кунҷи зиндон ба сар мебарад, хабари даргузашти ду ҷигарбандаш; моҳи гузашта додараш ва имрӯз падари бузургворашро мешунавад.
Марҳум яке аъзои собиқадор ва аз дустони наздик ва бовафои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ, аз замони ҷавонӣ то охирин лаҳза буда, дар санаи 15-уми марти соли 1947, ки устод Нурӣ ҳам дар ин рӯз мутаваллид шудааст, дар деҳаи Лухарви ноҳияи Сангвор таваллуд шудааст.
Марҳум акаи Қамариддин Аваз инсони поктинат, меҳрубон, самимӣ ва боирода буд, ки дар байни ҳамедаҳагонаш ва дустонаш аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор буд. Ӯ ба ҳадде меҳменнавоз ва бовафо буд, ки на танҳо меҳмонони худ, балки меҳмононеро, ки ба зиёрати устод Нурӣ меомаданд, ба хонаи худ даъват намуда, меҳмондорӣ мекардааст. Дустоне, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, сӯҳбат бо ӯ лаззати хоссе дошта, бо ҳама самимӣ будааст.
ШИ ҲНИТ реҳлати ҷонкоҳи Қамариддин Авазовро ба бародари мубориз Қиёмиддин Аваз ва дустдорону бастагонаш таслият гуфта, барои онҳо сабри ҷамил ва барои марҳум ҷаннатул-фирдавсро хоҳон аст.
Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод!
Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
24.02.2017
Паёми таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти падари Қиёмиддини Аваз
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.