Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАнҷумани ҲСДТ дар рӯзи таърихии таъсисёбиаш баргузор мешавад?

Анҷумани ҲСДТ дар рӯзи таърихии таъсисёбиаш баргузор мешавад?

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Зоиров таъкид кардааст, ки мавзуи раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Анҷумани ин ҳизб, ки дар моҳи марти имсол дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд ва худи у оё такроран дар раъси ин ҳизб боқӣ хоҳад монд ё на тасмиме нагирифтааст.

Бино ба маълумоте, ки худи Зоиров дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб карда буд,  дар моҳи марти имсол, Анҷумани ҳисоботӣ ва интихоботии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе, баргузор мегардад.

Ин ҳизб то ду соли пеш баъди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, яке аз ҳизбҳои мухолиф ва танқидгари сиёсати ҳизби ҳоким, роҳбарият ва ҳукумати кишвар буд, аммо тайи ду соли ахир пас аз мамнуъ шудани фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, фаолони ин ҳизб низ, аксарияташон ру ба муҳоҷират оварданд. Ҳатто раиси ин ҳизб Раҳматулло Зоиров чандест дар Қазоқистон ба сар мебарад. Фаъолияти сиёсии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҷузъ баъзе аз  баёния, изҳорот ва мусоҳибаҳои раҳбарияташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дигар қариб, ки тамоман дида намешуд.

Бино ба гуфтаи худи Раҳматулло Зоиров ин ҳизб дорои 12 ҳазор аъзо мебошад. Дар авҷи фаъолияти ин ҳизб беҳтарин ҳуқуқшиносон ва иқтисоддонҳои кишвар мисли профессор, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиносони машҳур Алим Шерзамонов, Файзинисо Воҳидова, Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, иқтисодшиноси варзида Аюб Эгамов ва дигарон шомили ин ҳизб буданд. Аммо айни ҳол маълум нест, ки кадоме аз ин фаолон то ба ҳол дар ин ҳизб боқӣ мондаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки аз ин 12 ҳазори эълоншуда чи қадари онҳо то ба ҳол худро узви ин ҳизб медонанд.

Ҳизби сотсиал-демократ, баъди мамнуъ шудани фаолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон  фаолияти сиёсиаш ҳарчанд ру ба марг буд, аммо фишору тазқйиқ болои ин ҳизб новобаста аз мулоҳизкориҳояш кам нашуд. Аммо Зоиров мегӯяд, бо барномарезии ҷадид ва ислоҳот дар сохтори Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон метавон нақши фаъолтаре дар ҳаёти сиёсии ин кишвар бозӣ хоҳад кард.

Бино ба як манбаъи муътамад аз ин ҳизб, дар ҳақиқат Раҳматулло Зоиров ният дорад санаи 18 уми март, ки барои ҳизбаш рӯзи таърихӣ мебошад ва дар ин рӯз, 18-уми марти соли 1998 Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон таъсис ёфтааст, Анҷумани ҳизбашро баргузор намояд.

Раҳматулло Зоиров дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бостандики Узбекистон таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муаллифи зиёда аз 270 мақолаву рисолаҳои илмӣ аст. Донандаи 10 забони хориҷӣ буда ба фанҳои философия, таърих, адабиёти классикӣ майлу рағбати зиёд дорад. Шеър ҳам менависад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

 

Маълумоти мухтасар дар бораи Раҳматулло Зоиров

1965-1975 — таҳсил дар мактаби миёна

1972-1975 — котиби ташкилоти комсомолӣ дар мактаб, узви шуъбаи районии  кумитаи комсомолӣ

1977-1979 — хидмат дар артиши Шуравӣ дар Олмон.

1978-1979 — котиби кумитаи комсомолии қисми ҳарбӣ, номзад ба узви ҳизби коммунистӣ, ҳини хидмати ҳарбӣ бо нишони сарисинагии «Гвардия»  ва  «аълочии артиши Шуравӣ» сарфароз гардидааст.

1979-1983 —  Донишҷӯи Академияи ҳуқуқшиносии Украина

1980 — узви комилҳуқуқи ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ шудааст.

1980-1981 — Роҳбари иттифоқи касабаи донишҷуён дар факултаи ҳуқуқшиносии  АҲУ

1981-1982 — Барандаи ҷоизаи  конкурси корҳои илмии донишҷӯёни иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Москва дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи ҳаракатҳои сиёсӣ дар Ислом» .

1983, июн — Академияи ҳуқуқшиносии Украинаро бо дипломи аъло хатм намуда бо нишони сарисинагии “барои таҳсили аъло” сарфароз гардидааст

1983-1986 — устоди Академияи ҳуқуқшиносии Украина

1985-1989 — аспиранти  Институти  давлат ва  ҳуқуқи Академияи илмҳои Украина, шаҳри Киев

1986-1993 — устоди Донишкадаи ҳуқуқшиноси Украина

1986-1988 — Донишгоҳи ҳизбии Маркисизм-Ленинизми назди партияи Коммунистии иттиҳоди Шуравиро хатм намудааст. Баъди хатм то соли 1991 дар ҳамин донишгоҳ дарс гуфтааст.

1989, апрел — иштирокчии Анҷумани якуми  иттиҳоди ҳуқуқшиносони Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Маскав

1989-2004 — Вакили дифоъи ҳуқуқ

1992,июнь — муаллифи лоиҳаи алтернативии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1993-1997 — Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ, пажӯҳишгари пешбарӣ дар Донишкадаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1994, июн — муаллиф ва ташаббускори лоиҳаи Конститутсияи ҶТ

1994- Шаҳодатномаи мактабҳои ҳуқуқ ва қонуни Миннэсотсий ва  Хэмлинскии Донишгоҳҳои ИМА-ро ба даст овардааст

1994 — 2004 — Коршиноси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон

1996 — рисолаи номзадиашро дар риштаи ҳуқуқ ҳифз кардааст.

1998, 18 март — ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро бо сарварии худ  таъсис додааст.

2000 — то ба имрӯз — Роҳбари консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон

2001- 2003 -мушовири калони ҳуқуқии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2002, август —  Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  унвони Мушовири давлатии адлия, дараҷаи 2 — ро соҳиб шудааст, рутбаи генерал- лейтенант дорад.

2003, март — Бар зидди илова ва тағйирот  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  изҳорот додааст

2003, июн — Аз вазифаи мушовири калони ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъфо рафтааст.

2003, октябр — таҳиякунандаи тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.»

2004, 29 апрел —  ҳамкори ташкили Коалитсияи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демкоратӣ дар Тоҷикистон  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика