Имруз хабари марги падари Қиёмиддини Аваз ,бародари гиромиамон ,ки ҳоло пушти зиндони золимон қарор дорад, дарду андуҳи мо хоҳарон ва шогирдонро дубора тоза намуд. Нафтарамон нисбати ин гуна бархурд ва ҳукронии ҳукуматдорон даҳ чанд афзуд. Чун дигар ба шумову ба адлатон бовар надорем пеши Худои меҳрубон аз шумо шикоят мекунем то шуморо , ки на аз дуъои волидон ҳарос дореду на аз оҳи ятимони зиндаҷудо парво, сарнагун созад. Таи ду сол мешавад ,ки Қиёмиддин ва дигар бародарони бегуноҳ, дур аз канори хонавода пушти панҷараи ҷаҳолату худхоҳии шумо гирифторанд. Таи ду сол аст, ки шумо аз зулм ва фишор болои хонаводаҳои зиндониён даст намекашед ва руз аз руз дасти шумо ба ҷабру ситам фурутар меравад. Имруз марги ин падари аз фироқи Юсуфаш фавтида қалби ҳазоронро реш намуд ва нафратро нисбати ҳукумати худхоҳ даҳчанд.
Ёдам омад чеҳраи ором ва ботамкини Қиёмиддин, ки баъди даъвати мақомоти қудратӣ ба идораи кори омада буд, табассум мекард ором ва бо шеваи ба худ хос гуфт: «аз худам нигарон нестам аммо падару модарам беморанд». Рузи баъд хабар ёфтам,ки волидони беморашро аз вилояти Хатлон ба шаҳрдории Душанбе овардаанд то писарашонро аз роҳаш гардонанд. Худ қазоват кунед кадом роҳе?
Қиссаи саҳобии паёмбари гироми Аммор ба хотир мерасад, ки сарони Қурайш волидонашро пеши чашмонаш азият дода ба қатл расониданд. Падару модари бемори Қмёмиддинро низ дар ҳавои гарми тобистон дар идораи ин мақомот соатҳо нигаҳ доштанд то барои доштани чунин фарзанд азият шаванд.
Дар кишвари «демократии» Тоҷикистони азизам барои тарбияи ҷавонмарде ба монанди Қиёмиддин дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, озода, хушгуфтор ва бо тамкин, ҳофизи кулли Қуръон донандаи забонҳои хориҷӣ ва соҳиби 2 диплом ҷиноят будааст. Магар ин аст шиори машҳури «Ҷавоно ояндаи миллат»ва дастгири ҷавонони болаёқат!
Якбор фақат якбор дар ҳолати ҳушёрӣ пардаҳои сиёҳи қалбатонро бо оби софи инсоният бишуед, гушҳои бо туҳмат ва буҳтон қулфгаштаатонро каме боз кунед мебинед, ки ба чӣ зулмҳое даст задаед!
Бародар ва устоди гиромӣ Қиёмиддини Аваз падари 6 тифли маъсум аст, калонаш 12 сол дорад ва ин лаҳзаҳо дур аз навозиши падаранд. Ӯ пайваста паи омузиши духтаронаш кушиш мекард то илмҳои муосир ва замонавиро аз бар намоянд ва аз чизе танқисӣ надошта бошанд. Имрӯз ин тифлакони маъсум байни ду соли ҷудоӣ аз падари мушфиқ, аммаки ноноварашонро ки дар муҳоҷират буд аз даст доданд. Ҳоло доранд аз бобои адизашон ,ки дасти навозиш бар сарашон мекашид маҳрум мегарданд. Ин пирамард аз дурии фарзанде чун Қиёмиддин, ки ҳар бинанда орзуи доштани чунин фарзанд мекард тоб наовард ва ин дунёи ҷаҳолату номардиро бо тамоми бадиҳояаш тарк намуд.
Ҷаҳл ва бе хирадӣ коре ба инсоният ва одобу ахлоқ надоштаас ва имрӯз ин устод бо ҳама бузургӣ ва бе гуноҳӣ зиндонист. Имруз ҳазорон бародарон ва хоҳарон дар сугвории бародари зиндонии худ шариканд ва барои ин падари дар фироқи Юсуфаш фавтида дуо мекунанд. Имруз ӯ ҷанозаи падарашро аз пушти панҷара мехонад. Ором бо тамкин ва бо тавозуъ — чун медонад, ки кӣ ҳаст ва барои чӣ ҳаст.
Мо ҳам аз ҳар гушаву канор бо қалбу рӯҳамон ҳамдардии хешро бо бародари азизамон иброз медорем. Ҳамеша дуо мекунем, ки илоҳо золимонро ончунон муҷозот кун, ки дар ҳар лаҳзааш оҳи дили мазлумонро эҳсос кунанд.
Худованд ҳарчӣ зудтар бародарони зиндониамонро озод гардонад!
Омин, ё раббал оламин!